Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 30 April 2015 09:51

Шикояти як узви Ҳизби халқӣ-демократӣ алайҳи узви Ҳизби Наҳзати исломӣ

Шикояти як узви Ҳизби халқӣ-демократӣ алайҳи узви Ҳизби Наҳзати исломӣ

Яке аз аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва намояндаи ин гурӯҳ дар порлумони қаблӣ, алайҳи як узви Ҳизби Наҳзати исломии ин кишвар ба додгоҳ шикоят кард.

Ба гузориши сайти Тор.tj, Шакарбек Самадов, ки акнун муовини шаҳрдори Душанбе низ мебошад, иддао карда аст, ки Аҳрор Нуров, узви Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ба иттиҳоми тавҳин ба вай, ё бояд 30 ҳазор сомонӣ ҷуброни молӣ пардохт кунад ва ё бо интишори маъзаратхоҳии расмӣ дар рӯзномаи идораи ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент ба ин моҷаро поён диҳад.

Вай муддаӣ шуда аст, ки ин узви Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон ҳангоми нишастҳои интихоботи порлумонии моҳи марти соли ҷорӣ бо интиқод аз камкории ин намояндаи маҷлиси қонунгузории қаблӣ аз вожаи "бесавод" истифода карда аст, ки бояд посухгӯи ин суханон дар додгоҳ бошад. Аз ин рӯ бо дар назар гирифтани вазъи номуносиби молии Аҳрор Нуров, муовини шаҳрдори Душанбе интишори маъзаратхоҳхоҳии расмии вайро дар рӯзномаи Зарафшон - нашрияи мақомоти ҳукумати маҳаллӣ дар ноҳияи Панҷакент хостор шуда аст.

Ин дар ҳоле аст, ки Сино Ҳасанзода, масъули созмони Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷакент гуфта аст, ин моҷаро ба нишастҳои интихоботи порлумонии моҳи марти соли ҷорӣ бармегардад, ки Аҳрор Нуров аз ин намояндаи Ҳизби халқӣ-демократӣ ба далели тасвиби қонуни "Масъулияти волидайн дар тарбияти фарзанд", ки мухолифи бо шариати ислом мебошад, интиқод карда буд. Аммо ин узви Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон дар суханронии худ аз вожаи "бесавод" нисбат ба намояндаи Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ Тоҷикистон дар порлумони қаблӣ истифода накардааст.

Add comment


Security code
Refresh