Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Wednesday, 13 July 2016 11:05

Таъкиди вазирони хориҷаи Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкорӣ

Таъкиди вазирони хориҷаи Эрон ва Қазоқистон бар густариши ҳамкорӣ

 

 

 

Вазирони умури хориҷаи ҷумҳурии исломии Эрон ва Қазоқистон, бар густариши равобити дуҷониба таъкид карданд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон, ки барои ширкат дар Нишасти вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари соҳилии Хазар ба Қазоқистон сафар кардааст, дар дидор бо Ерлан Идрисов, вазири умури хориҷаи ин кишвар, тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаро дар ҳамаи заминаҳо аз ҷумла густариши ҳамкориҳои консулӣ ва тасҳили судури раводид хостор шуд.

Зариф бо таъкид бар омодагии мақомоти Эрон барои иртиқои ҳамкориҳо бо Қазоқистон ва ибрози умедворӣ дар бораи самарабахш будани музокироти нишасти Хазар, бисту панҷумин Солгарди истиқлоли Қазоқистон ва узвияти ин кишвар дар Шӯрои амнияти Созмони милалро низ табрик гуфт.

Ерлан Идрисов низ бо таъкид бар густариши равобити Остона-Теҳрон гуфт: Равобити Эрон ва Қазоқистон бояд рӯз ба рӯз густариш ёбад.

Вазири умури хориҷаи Қазоқистон ҳамчунин бо ишора ба аҳаммияти музокираи созанда барои тадвини Конвенсияи режими ҳуқуқии дарёи Хазар ва низ густариши ҳамкории бонкӣ, кишоварзӣ, ҳамлу нақл ва транзит бо Эрон афзуд: Афзоиши парвозҳои мустақими байни ду кишвар, сафарҳои туристӣ ва тиҷорӣ ва низ ҳамкории минтақаӣ ва байналмилалӣ дар дастури кор бошад.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh