Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 21 July 2016 09:42

Иддаои Узбакистон дар бораи нерӯгоҳи "Роғун" бе асос аст

Иддаои Узбакистон дар бораи нерӯгоҳи "Роғун" бе асос аст
Коршиноси масоили энержии Қирғизистон мухолифатҳои ахири нахуствазир, вазорати умури хориҷа ва донишмандони Узбакистонро дар баҳси идомаи тарҳи такмили сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон бе асос унвон кард.

Ба гузориши сойти АКИ пресс, Марат Мусуралиев бо ишора ба ибрози нигаронии ахири Шавкат Мирзиёев-нахуствазири Узбакситон ва ҳамзамонии баёнияи вазорати умури хориҷаи ин кишвар ва баргузории нишасте дар шаҳри Сочии Русия, барои баррасии паёмадҳои зистмуҳитии сохти нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон ба ибтикори давлати Тошканд, ин иқдомотро бе асос ва сиёсӣ унвон кард.

Вай муътақид аст, ки иддаои мақомоти Узбакистон дар мавриди паёмадҳои зистмуҳитӣ ва ба вижа коҳиши оби мавриди ниёзи ин кишвар бо баҳрабардорӣ аз сади 335 метрии нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистон аз нигоҳи илмӣ бепоя мебошад. Зеро обгирии ин сад аз рӯдхонаи Вахш анҷом мешавад, ки ба таври мустақим ба оби мавриди ниёзи бахши кишоварзии Узбакистон иртиботе надорад. Ба ин далел, ки Узбакистон умдаи оби мавриди ниёзи худро аз рӯдхонаи "Омӯ" дар ҷануби Тоҷикистон дарёфт мекунад, ки дар муқоиса бо рӯдхонаи Вахш ба маротиб пуробтар аст. Ин дар ҳоле аст, ки рӯдхонаи Вахш дар шарқ ва маркази Тоҷикистон воқеъ шудааст ва ба таври мустақим бар оби мавриди ниёзи Узбакистон таъсир надорад.

Add comment


Security code
Refresh