Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 28 July 2016 17:55

Идораи умури динӣ - омили густариши ифротгароӣ дар Қазоқистон

Идораи умури динӣ - омили густариши ифротгароӣ дар Қазоқистон
Раиси собиқи шабакаи телевизионии KTK-и Қазоқистон ҳукумат ва идораи умури диниро авомили аслии ифротгароӣ дар ин кишвар дониста гуфтааст, дар ин солҳо ҳеҷ кадоме аз муфтиҳои Қазоқистон натавонистааст масоилу нофаҳмиҳои диниро бо забони содда барои мардуми оддӣ бозгӯ кунанд.

Раиси собиқи яке аз шабакаҳои телевизионии Қазоқистон амалкарди ҳукумат ва идораи умури динӣ ва муфтиёти ин кишварро ду омили аслии гароиши шаҳрвандони ин кишвар ба самти ифротгароӣ донист.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", Армон Шӯроев, раиси собиқи шабакаи телевизионии KTK-и Қазоқистон гуфтааст, давлати Остона то кунун натавонистааст вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии матлуберо барои мардум, шуғлу кори муносиберо барои ҷавонони ин кишвар фароҳам кунад. Ин коршиноси расонаӣ муқассири баъдии ифротӣ шудани ҷавононро дар Қазоқистон имомони масоҷид ва идораи умури динии ин кишвар дониста афзуд, ин гурӯҳ бо вуҷуди сохтани ҳудуди 12 ҳазор масҷиди ҷомеъ ва кӯчак дар ин кишвар натавонистааст рӯйи эътиқодоту имони воқеии мардум таъсиргузор бошад.

Ин масъули собиқи телевизиони Қазоқистон гуфт, дар ин солҳо ҳеҷ кадоме аз муфтиҳои Қазоқистон натавонистааст дар масоҷид масоилу нофаҳмиҳоро бо забони содда барои мардуми оддӣ бозгӯ кунанд ва роҳи дурусту мустақимеро ба онон нишон диҳанд. Ӯ афзуд, илова бар ин низоми муфтиёти Қазоқистон низ монанди бештари бахшҳои ҷомеаи ин кишвар ба таври комил олуда ба ришвахорӣ ва фасод аст.

 

Add comment


Security code
Refresh