Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 28 July 2016 20:44

Худкомагии ҳукуматҳо - омили густариши андешаи такфирӣ дар Осиёи Марказӣ

Худкомагии ҳукуматҳо - омили густариши андешаи такфирӣ дар Осиёи Марказӣ
Михаил Делягин, коршиноси рус гуфтааст, бештари коргарони муҳоҷири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Русия ба далели худкомагии ҳукуматҳо ва набудани адолати иҷтимоӣ дигар умеде ба оянда надоранд, аз ин рӯ, бо вуҷуди мушоҳидаи тамоми ҷиноёти гурӯҳҳои такфирӣ онҳоро бар ҳукуматҳои худ тарҷеҳ медиҳанд.

Ин коршиноси рус муътақид аст, ки иллати умдаи нуфузи афкори гурӯҳҳои такфирӣ, монанди ДИИШ дар Осиёи Марказӣ вуҷуди режимҳои худкома, хонаводагӣ ва эҳсоси ноумедии мардуми ин кишварҳо  аз оянда аст.

Ба гузориши сойти "Завтра", Михаил Делягин гуфтааст, ки имрӯз дар Русия миллионҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон ба унвони коргари сохтмон, ронандаи таксӣ, фурӯшанда ва кӯчарӯб фаъолият мекунанд, ки бештари онон ба далели худкомагии ҳукуматҳо ва набудани адолати иҷтимоӣ дигар умеде ба оянда надоранд. Ин коршиноси рус таъкид кардааст, бисёре аз муҳоҷирони кории Осиёи Марказӣ тасаввур мекунанд, ки шояд гурӯҳи ДИИШ бо шиорҳо битавонад адолатро дар ин ҷумҳуриҳо барқарор кунанд, аз ин рӯ, бо вуҷуди мушоҳидаи тамоми ҷиноёти ин гурӯҳҳо онҳоро бар хукуматҳои худ тарҷеҳ медиҳанд. Ба қавли ӯ, ин  дар ҳолест,  ки мақомоти ҳукуматӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳузури муҳоҷирин – шаҳрвандони кишварҳои худро дар Русия омили умдаи гароиши ин афрод ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ медонанд. Ин коршиноси рус яке аз авомили муҳими тақвияти қудрат дар кишваре монанди Эронро вуҷуди адолати иҷтимоӣ дониста,  ки мӯҷиби инсиҷоми ақвом ва ақаллиятҳои ин кишвар шудааст.

Делягин ҳамчунин аз идомаи сиёсати саркӯбу фишор бар мусалмонон, зери по гузоштани озодиҳои асосию мазҳабӣ, худкомагию иқтидоргароӣ ва чашми пӯшидан аз фасоду ришвахории густарда дар Осиёи Марказии ибрози нигаронӣ карда, гуфтааст, ин мушкилот худ заминаи нуфузи афкори гурӯҳҳоеро  назири ДИИШ  дар зеҳни мардум фароҳам мекунад.

Add comment


Security code
Refresh