Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Sunday, 31 July 2016 14:02

Қазоқистон ҳам дархости Туркияро рад кард

Қазоқистон ҳам дархости Туркияро рад кард
Вазорати омӯзиш, парвариш ва улуми Қазоқистон дархости Вазорати умури хориҷаи Туркияро барои мамнӯъшудани фаъолияти ниҳодҳои омӯзишии мутааллиқ ба Гулен дар ин кишвар, рад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Вазорати омӯзиш, парвариш ва улуми Қазоқистон бо интишори баёнияе эълом кард, фаъолияти ниҳодҳои омӯзишии вобаста ба Гулен аз ҷумлаи колеҷҳои қазоқӣ-туркӣ монанди гузашта идома хоҳад ёфт ва волидайн ва шогирдони ин муассисаҳо нигарони таътил шудани онон набошанд.

Дар ин баёния омадааст, колеҷҳои қазоқӣ-туркӣ яке аз беҳтарин ниҳодҳои омӯзишии Қазоқистон ҳастанд, ки бар асоси тавофуқоти дуҷониба дар ҳавзаи омӯзиш ва парвариш бо пуштибонии Нурсултон Назарбоев- раисиҷумҳури Қазоқистон ва Тургут Озал-раисиҷумҳури пешини Туркия таъсис шудааст.

Вазорат омӯзиш, парвариш ва улуми Қазоқистон дар баёнияи худ афзудааст, колеҷҳои қазоқӣ-туркӣ дорои боздиҳии боло ҳастанд ва дар системаи омӯзиши Қазоқистон ҷойгоҳи вижае доранд, бинобар ин набояд фаъолияти ин ниҳодҳоро ба мавзуъоти сиёсӣ рабт дод.

Баёнияи Вазорати омӯзиш ва парвариши Қазоқистон пас аз он содир шуд, ки вазири умури хориҷаи Туркия ба давлатҳои Осиёи Марказӣ, дар бораи эҳтимоли тарҳрезии ниҳодҳои вобаста ба Фатҳуллоҳ Гулен барои кудато дар ин кишварҳо ҳушдор дод ва хостори таътилии ин ниҳодҳо шуд.

Пеш аз Қазоқистон, Қирғизистон низ ба дархости Туркия вокуниши манфӣ нишон дода буд.

Тоҷикистон низ чанде қабл эълом кард, Анкара ҳеч дархосте барои бастани ниҳодҳои вобаста ба Гулен дар ин кишвар надошта ва фаъолияти муассисаҳои вобаста ба Гулен дар Тоҷикистон, ба риволи гузашта идома дорад.

 

Add comment


Security code
Refresh