Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Monday, 01 August 2016 09:19

Маҳкумияти 4 шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Русия ба ҷурми узвият дар ДИИШ

Маҳкумияти 4 шаҳрванди Осиёи Марказӣ дар Русия ба ҷурми узвият дар ДИИШ
Чаҳор шаҳрванди Осиёи Марказӣ, ки миллияти онҳо ҳануз эълом нашудааст, дар Русия ба ҷурми ҳамкорӣ бо ДИИШ дар ҷазб ва эъзоми нерӯ ба 28 то 30 сол зиндон маҳкум шудаанд.

Ба иттилои хадамоти расонаии Созмони амнияти федерали Русия, ин додгоҳ Г. Атохоновро ба 30 сол ва Г.Ҷумъаев, Д.Камолиддинов ва А.Қаҳҳоровро ҳар як  ба 28 соли зиндон бо шароити сахт маҳкум кард.

Ин чаҳор нафар таҳти таъсири мубаллиғони гурӯҳи террористии ДИИШ ба ин гурӯҳ  ҷазб шуда ва барои исботи вафодории худ ба саркардагони ин созмони такфирӣ, аъзои як хонаводаро дар шаҳри Маскав ба шакли фаҷеҳе ба қатл расондаанд.

Ҳамчунин ин афрод бар асоси дастури раҳбарони гурӯҳи ДИИШ, масъулияти ҷазб ва эъзоми атбои Осиёи Марказӣ ба Сурия ва шаҳри Риққаро бар уҳда доштаанд.  

Ҷаъл ва фурӯши пулҳои рубли русӣ дар чанд минтақаи марказии Русия аз дигар иттиҳомоти ин афрод аст.  

Дар ин гузориш ба миллияти ин афрод ишора нашудааст .

Add comment


Security code
Refresh