Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Tuesday, 02 August 2016 13:40

Отамбоев: Эҳтимоли кудатои тарафдорони Гулен дар Қирғизистон вуҷуд надорад

Отамбоев: Эҳтимоли кудатои тарафдорони Гулен дар Қирғизистон вуҷуд надорад
Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон эҳтимоли кудато дар ин кишвар аз сӯйи тарафдорони Гуленро беасос дониста ва гуфтааст, ки мадорис ва муассисоти таҳти ҳимояти Фатҳуллоҳ Гулен дар Қирғизистон ҳеч гуна тахаллуфе надоштаанд.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳушдори Туркия дар бораи эҳтимоли кудато дар ин кишвар посух дод.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии бурунмарзӣ, Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар посух ба изҳороти ахири вазири хориҷаи Туркия дар бораи эҳтимоли вуқуи кудото дар ин кишвар аз сӯйи тарафдорони Фатҳуллоҳ Гулен гуфт, ин иддаои пуч ва беасос аст.

Отамбоев гуфт, мадорис ва муассисоти таҳти ҳимояти Фатҳуллоҳ Гулен дар Қирғизистон бо барномаҳои Вазорати улуми ин кишвар фаъолият мекунанд ва ҳеч гуна тахаллуфе надоштаанд.

Мавлуд Човушуғлу, вазири хориҷаи Туркия ахиран ҳушдор додааст, ки эҳтимол дорад Гулен ба Қирғизистон паноҳанда шавад ва бо ҳамкории пайравонаш дар ин кишвар кудато кунад.

Мақомоти Туркия ҳамчунин Гуленро ба нуфуз ва тарвиҷи тафаккуроташ аз тариқи шабакаи густардае аз муассисоти омӯзиши хусусӣ, на танҳо дар Туркия, балки дар Африқо ва Осиёи Марказӣ муттаҳам кардаанд.

Add comment


Security code
Refresh