Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Wednesday, 03 August 2016 16:43

Қодир Маликов: Ҳадафи баъдии ДИИШ Осиёи Миёна ва Қирғизистон аст

Қодир Маликов: Ҳадафи баъдии ДИИШ Осиёи Миёна ва Қирғизистон аст
Коршиноси масоили динии Қирғизистон бо ишора ба шикастҳои ахири ДИИШ дар Сурия, ҳадафи баъдии ин гурӯҳро кишварҳои Осиёи Миёна унвон кард.

Расонаҳо гузориш медиҳанд, Қодир Маликов, коршиноси умури динии Қирғизистон асри якшанбе дар ҷамъи хабарнигорони дохилии Қирғизистон, бо ишора ба кудатои нофарҷом дар Туркия гуфт: "Пас аз ин иттифоқ раванди сиёсати Анкара тағйир ёфта ва ин кишвар дар мавриди масоили Сурия ва Ироқ ба самти Русия ва Эрон гароиш пайдо кардааст".

Вай идома дод: "Дар ҳоли ҳозир Туркия марзҳои худро бар рӯйи авомили ДИИШ баста, аммо аз тарафи дигар 2 гурӯҳи ифротии ДИИШ ва Ҷабҳатуннусра, ки дар Сурия бо якдигар душманӣ доранд, муттаҳид шудаанд, то шаҳрвандони Осиёи Миёнаи узви ин гурӯҳҳоро барои расидан ба аҳдофи худ ба кишварҳои худашон мунтақил кунанд".

Маликов афзуд: "Марҳилаи омодагии интиқоли шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна, ки дар Сурия омӯзишҳои лозимро дида ва дар ин замина таҷриба касб кардаанд, ба сурати ғайримустақим ва аз тариқи кишварҳое монанди Озарбойҷон, Гурҷистон, Амороти Муттаҳида ва бархе кишварҳои Аврупои шарқӣ шакл мегирад".

Ин коршиноси қирғиз изҳор дошт, бо таваҷҷӯҳ ба вуҷуди муассисоти тавлиди гузарномаҳои ҷаълӣ дар наздикии марзҳои Сурия ва Туркия, шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Миёна метавонанд ба роҳатӣ ба кишварҳои худ баргарданд.

Маликов бо ишора ба адами тавоноии ДИИШ ва дигар созмонҳои ифротӣ барои ҳифзи мавозеи худ дар Ховари Миёна, ба далели амалиёти зиддитеруристии Русия дар Сурия изҳор дошт: "Натоиҷи омори истихдом ва муассири таблиғи ДИИШ нишон дод, ки кишварҳои Осиёи Миёна манобеи бисёр муфид барои ин созмони террористӣ ҳатто беҳтар аз кишварҳои Ховари Миёна, монанди Арабистони Саудӣ ҳастанд".

Ин коршиноси динӣ тасреҳ кард, таҳдиди билқуввае, ки дар ҳоли ҳозир дар Осиёи Миёна ва ба хусус Қирғизистон вуҷуд дорад, бархе гурӯҳҳои мазҳабие ҳастанд, ки аз худ ихтиёри чандоне надоранд ва бо ишораи кишварҳои араби халиҷи Форс мумкин аст даст ба иқдомоти нохушоянде дар кишварҳои худ бизананд.

Маликов мегӯяд, дар ҳоли ҳозир теъдоди гурӯҳҳои салафӣ дар Қирғизистон афзоиш ёфта, ки ин гурӯҳҳо дар сурати бурузи ҳаводиси нохушоянд, аз шаҳрвандони ифротӣ дар ин кишвар ва ҳатто шаҳрвандони Осиёи Миёна ҳимоят мекунанд.

Оморҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳоли ҳозир ҳудуди 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Осиёи Миёна дар таркиби гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия ва Ироқ ҳузур доранд ва баргаштани онҳо ба кишвари худ эҳтимоли бурузи ноамниҳоро дар пай дорад.

Add comment


Security code
Refresh