Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 04 August 2016 19:34

Тарҳи Путин барои ҳазфи доллар аз муомилоти кишварҳои муштаракулманофеъ

Тарҳи Путин барои ҳазфи доллар аз муомилоти кишварҳои муштаракулманофеъ
Раисиҷумҳури Русияи тарҳи қонунеро ба Думои давлатии ин кишвар пешниҳод кард, ки бар тибқи он кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ бояд аз муомила бо доллари Амрико худдорӣ кунанд.

Путин тарҳи қонунеро ба Думои давлатии ин кишвар пешниҳод кард, ки бар тибқи он кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ бояд аз муомила бо доллари Амрико худдорӣ кунанд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Владимир Путин тарҳи қонунеро ба Думаи кишвараш пешниҳод кард, ки бар тибқи он кишварҳои мустақили ҷомеаи Ҳамсуд бояд зимни эҷоди бозори муштараки арзӣ, аз муомила бо доллар худдорӣ кунанд.

Дар чорчӯби « тавофуқнома барои эҷоди бозори муштараки арзӣ дар қаламрави кишварҳои мустақили Ҳамсуд», тадобире ба кор гирифта хоҳад шуд, ки ҳазфи доллар ва евро аз муомилоти кишварҳои узви ин иттиҳодия, ба тиҷорат ва равобити иқтисодии ин кишварҳо кӯмаккунад ва пули миллии ин кишварҳо тақвият шавад.

Бар асоси тарҳи Путин, кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ бояд барои тасвиб ва амалӣ шудани ин тавофуқнома, равандҳои ҳамгароӣ дар чорчӯби ин иттиҳодияро густариш диҳанд.

Путин ин тарҳро дар ҳоле матраҳ кардааст, ки Маскав дар чанд соли ахир бо таҳримҳои Ғарб дасту панҷа нарм мекунад ва дар назар дорад бо ҳамкории кишварҳои пасо Шуравӣ ва мамнияти истифода аз доллар дар муомилот, пули миллии худро тақвият кунад.

Тоҷикистон, Русия, ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Узбакистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Молдова узви Иттиҳоди кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ ё ҷомеаи Ҳамсӯд ҳастанд.

Add comment


Security code
Refresh