Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Friday, 05 August 2016 19:13

Сафари Назарбоев ба Туркия

Сафари Назарбоев ба Туркия
Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон имрӯз барои дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтои туркияии худ вориди Анкара шуд.

Ба гузориши ИРНА, Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳурии Қазоқистон пас аз маросими истиқболи расмӣ дар кохи раёсати ҷумҳурии Туркия, музокироти худро бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия оғоз кард.

Коршиносон ақида доранд, ки меҳвари музокироти руасои ҷумҳурии ду кишвар мавзӯи кудатои нофарҷоми Туркия, беҳбуди муносиботи Туркия бо Русия, авзои Сурия ва мубориза бо терроризм ва фаъолиятҳои ҳомиёни Фатҳуллоҳ Гулен аст.

Пеш аз ин ниҳоди раёсати ҷумҳурии Туркия эълом карда буд, ки Эрдуғон ва Назарбоев дар бораи тавсеаи ҳамкориҳои роҳбурдӣ ва чигунагии фаъолиятҳои Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон табодули назар хоҳанд кард.

Давлати Туркия аз Қазоқистон хостааст то мадориси вобаста ба Гуленро дар он кишвар таътил кунад.

Қазоқистон нахустин кишваре аст, ки раиси ҷумҳурии он пас аз кудатои нофарҷоми Туркия ба ин кишвар сафар мекунад.

Add comment


Security code
Refresh