Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Monday, 08 August 2016 20:27

Раисиҷумҳурҳои нависанда ва овозхон дар Осиёи Марказӣ

Раисиҷумҳурҳои нависанда ва овозхон дар Осиёи Марказӣ
Раисони ҷумҳурии Қирғизистон ва Туркманистон дар канори давлатдорӣ, ба таронасароӣ, хонандагӣ ва навозандагӣ низ мепардозанд.

Ба гузориши ИРНА, Дафтари матбуотии раисиҷумҳурии Қирғизистон, Алмосбек Атамбаев қасд дорад ба муносибати солрӯзи 60 солагиаш маҷмуъаи таронаҳои худро мунташир кунад.

Атамбаев, ки моҳи гузашта панҷ таронааш мунташир шуд, қарор аст, дар моҳи ҷории август низ панҷ таронаи дигарро мунташир кунад.

Ба гузориши ин манбаъ, Атамбаев ин албомро дар ҷашни шаст 60 солагиаш ба наздиконаш ҳадия мекунад.

Рӯзи дувуми июл дар шабакаи Ютуб, яке аз аввалин таронаҳои Атамбаев мунташир шуд.

Торномаи "Хроника Тукманистана" низ менависад, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов-раисиҷумҳури Туркманистон оҳангеро дар васфи ду наберааш танзим ва иҷро кардааст.

Бердимуҳаммадов соли 2011 низ таронаи дигареро, ки гуфта мешуд, сурудаи худи ӯ будааст иҷро кард.

Бердимуҳаммадов чанд бор дар нақши "DJ"зоҳир шуда ва пайваста шеърҳои худро мунташир мекунад.

Ӯ таронаи "Ба пеш, ба пеш, танҳо ба пеши ватани маҳбӯб, Туркманистон"-ро дар соли 2015 сурӯд, ки ҳамакнун ба як шеъри миллӣ дар ин кишвар табдил шудааст.

Бердимуҳаммадов, ки дасте ҳам дар нависандагӣ дорад ва токунӯн панҷ китоб навиштааст, дарсадад аст, ду китоби дигари худро низ мунташир кунад.

 

Add comment


Security code
Refresh