Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Wednesday, 13 July 2016 09:45

Даъвати Тоҷикистон аз 193 кишвар ва 190 созмон барои ширкат дар ҳамоиши об

Даъвати Тоҷикистон аз 193 кишвар ва 190 созмон барои ширкат дар ҳамоиши об

 

 

 

Тоҷикистон аз 193 кишвар ва 190 созмони байналмилалӣ ва минтақаӣ барои ширкат дар ҳамоиши об дар шаҳри Душанбе даъват кардааст.

Ба иттилои Ка-Ниюз, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон гуфт, ин ҳамоиши байналмилалӣ бо ҳадафи тавсеаи пойдор ва шиори "Дастрасии ҷаҳонӣ ба об ва беҳдошт" аз 9 то 11-и август дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Вай дар нишасти Кумитаи созмондеҳӣ ва омодасозӣ барои ин ҳамоиши илмӣ гуфт, аз болотарин мақомҳои кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақаӣ ва маҳофили илмӣ ва донишгоҳӣ дар заминаи об барои ҳузур дар ин симпозиуми илмӣ даъват шудааст.

Расулзода гуфт, токунун 110 шахсият ва мақом аз 54 кишвар барои ҳузур дар ин ҳамоиш эъломи омодагӣ кардаанд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои соҳибмақом дар манобеъ ва захоири об дар минтақа ва ҷаҳон аст ва ин кишвари 8 миллион нафарӣ, 64 дарсади манобеи обии Осиёи Марказиро дар ихтиёр дорад ва дар ҷаҳон низ дар ҷойгоҳи шашум қарор дорад.

Ин кишвари кӯҳистонӣ ва сарсабз бо борандагии зиёд дорои рудхонаҳои фаровонест.  Шумори рудҳое, ки тӯли онҳо аз 10 километр таҷовуз мекунад, ба 947 мерасида ва дар маҷмуъ тӯли рӯдхонаҳои Тоҷикистон беш аз 28 ҳазор километр аст.

Бузургтарин дарёчаи оби ширини амиқи ҷаҳон мавсум ба Кули Сарез дар Тоҷикистон воқеъ шуда, ки бо 56 километри мураббаъ масоҳат ва бо жарфои ҳудуди 500 метри худ ба танҳоӣ қодир ба таъмини оби нушокӣ ва энержии барқи Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна аст.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh