Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Wednesday, 03 August 2016 11:05

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон озими Вашингтон шуд

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон озими Вашингтон шуд
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон ба манзури ширкат дар Нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ «C5+1» озими Вашингтон шуд.

Сироҷиддин Асллв, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати сиёсӣ роҳии Вашингтон шуд.

Ба иттилои хабаргузории Форс, Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар раъси як ҳайъати сиёсӣ ба манзури ширкат дар нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ «C5+1» озими Вашингтон шуд.

Қарор аст, вузарои умури хориҷаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико дар ин нишаст дар бораи ҳамкориҳои мутақобил дар қолаби «C5+1» баҳс ва табодули назар кунанд.

Баррасии мушкилот ва чолишҳои минтақаӣ аз масоили меҳварии Нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вазири умури хориҷаи Амрико унвон шудааст.

Тирамоҳи соли гузашта нахустин Нишасти вузарои умури хориҷаи Осиёи Марказӣ ва вазири умури хориҷаи Амрико дар 4 бахши иқтисод, тағйири иқлим, амният ва ҳуқуқи башар дар шаҳри Самарқанди Узбакистон баргузор шуд.

Амрико дар соли 1992 дар паи суқути Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳамаи 5 кишвари Осиёи Марказӣ равобити дипломатӣ барқарор кард.

Add comment


Security code
Refresh