Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 13 August 2016 10:10

Талоши Тоҷикистон барои тармиму бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии "Норак"

Талоши Тоҷикистон барои тармиму бозсозии таҷҳизоти неругоҳи барқи обии "Норак"
Ҳукумати Тоҷикистон талош барои тармиму бозсозии таҷҳизоти бузургтарин неругоҳи барқи обии "Норак"-ро оғоз кардааст.

Ба иттилои хабаргузории "Азиа плюс", масъалаи мазкур, анҷом додани тарҳи тармиму бозсозии неругоҳи барқи обии "Норак" тайи нишасте бо мушорикати нахуствазир, вазирони молия, рушди иқтисоду тиҷорат, энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки осёии рушд, Бонки рушд ва бозсозии Урупо, Сандуқи сармоягузории Осиё ва Бонки рушди исломӣ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бар асоси ин тарҳ, Тоҷикистон барои иваз кардани  нуҳ трубина, шаш трансфоматори аслӣ ва таҷҳизоти раҳосозии об аз садди 300-метрии ин неругоҳ ба ҷазби 700 миллион доллар сармоя ниёз дорад.

Неругоҳи барқи обии "Норак" бузургтарин маркази тавлиди барқи Тоҷикистон аст, ки тайи солҳои 1972-1979 бо зарфияти тавлиди се миллиард киловатт соат барқ дар сол ба баҳрабардорӣ расидааст. Акнун бо гузашти наздик ба 40 сол аз оғози баҳрабардорӣ аз ин неругоҳ замони тармиму бозсозии таҷҳизоти ин маркази бузурги тавлиди барқи Тоҷикистон, ки 70 дарсад аз барқи мавриди ниёзи ин кишварро таъмин мекунад,  фаро расидааст.

 

Add comment


Security code
Refresh