Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 13 August 2016 16:56

Тадобири амниятӣ дар Тоҷикистон ташдид мешавад

Тадобири амниятӣ дар Тоҷикистон ташдид мешавад
Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз ташдиди тадобири амниятӣ дар ин кишвар дар остонаи ҷашнҳои 25-умин солгарди истиқлоли ин ҷумҳурӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Умарҷони Эмомалӣ, имрӯз дар конфронси хабарӣ дар шаҳр Душанбе гуфт, дар остонаи 25- умин солгарди ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон, тибқи риволи маъмул ҳамаи барномаҳои амниятӣ дар кишвар, аз ҷумла бозрасии гузарномаҳо ва шиносоии маҳали сукунат ва ҳувияти сокинон иҷро мешавад.

Вай дар идома бо ишора ба ин ки камтар аз як моҳи дигар, Тоҷикистон 25- умин солгарди истиқлоли худро ҷашн мегирад аз шаҳрвандони ин кишвар даъват кард, то дар иҷрои ин тадобири амниятӣ бо мақомоти марбут ҳамкорӣ кунанд.

Маъмулан дар Тоҷикистон ҳамасола дар остонаи ҷашни Истиқлол, тадобири амниятӣ ташдид мешавад.

Тоҷикистон нуҳуми сентябри соли 1991 эъломи  истиқлол кард.

 

Add comment


Security code
Refresh