Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 13 August 2016 17:42

Туркия: Бар фаъолияти мадориси туркӣ дар Тоҷикистон назорат мекунем

Туркия: Бар фаъолияти мадориси туркӣ дар Тоҷикистон назорат мекунем
Кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон гуфт: Анкара аз тамоми имконот ва зарфиятҳои худ барои қатъи фаъолияти ниҳодҳои муртабит бо Гюлен дар Тоҷикистон истифода хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Фотеҳ Қаҳрамон, Кордори сафорати Туркия дар Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ бо ишора ба фаъолияти муассисаи омӯзишии тоҷикӣ-туркии Шалола гуфт, агар ин мадрасаи байналмилалӣ ва ё ниҳодҳои дигари омӯзишии ин кишвар бо ниҳодҳои марбӯт ба Фатҳулло Гюлен иртиботе дошта бошанд, Анкара бидуни шак таътилии онро аз мақомоти тоҷик дархост хоҳад кард.

Вай муддаӣ шуд, ин ниҳодҳо аз як сӯ бо ановини башардӯстона ва сулҳомез фаъолият мекунанд ва аз сӯи дигар, қудрати роҳандозии ҳаводиси хунини террористиро доранд.

Фотеҳ Қаҳрамон дар бахши дигаре аз суханонаш ҳамаи шоиотро дар бораи нақши шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар амалиёти террористии фурӯдгоҳи Отатурки Истанбул рад ва таъкид кард, то ба ҳол ҳеч як аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба далели даст доштан дар кудатои нофарҷоми Туркия боздошт нашудаанд.

Вай дар бораи вазъи донишҷӯёни тоҷикистоние, ки дар Туркия, дар донишгоҳҳои вобаста ба Гюлен таҳсил мекунанд, гуфт, талош хоҳем кард, дар сурати баста шудани ин донишгоҳҳо барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ мушкиле пеш наояд ва дар сурати ниёз, онҳоро ба донишгоҳҳои дигар интиқол медиҳем.

Муассисаи омӯзишии Шалола, то соли 2022 дар Тоҷикистон иҷозаи фаъолият дорад.

Муассисоти омӯзишии тоҷикӣ-туркӣ бо тағйири ном ва сохтор, ба таври расмӣ дар шаҳрҳои Кулоб, Қурғонтеппа, Душанбе, Хуҷанд ва Турсунзодаи Тоҷикистон фаъолият доранд.

 

 

Add comment


Security code
Refresh