Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Tuesday, 12 July 2016 16:44

Тамоюли Булғористон барои ҳамкорӣ бо Созмони энержии атомии Эрон

Тамоюли Булғористон барои ҳамкорӣ бо Созмони энержии атомии Эрон

 

 

 

Раиси Созмони энержии атомии Эрон гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон аз фаъолияти илмӣ ва таҳқиқотӣ ва мубодилаи таҷрубаҳо дар заминаи энержии ҳастаӣ бо Булғористон истиқбол мекунад.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Алиакбари Солеҳӣ имрӯз сешанбе дар дидори Томислав Дончев, муовини нахуствазир ва Теменужка Петкова, вазири энержии Булғористон дар Теҳрон гуфт: Ҳамкориҳои Созмони энержии атомии Эрон бо бисёре аз кишварҳо аз ҷумла кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо раванди рӯ ба рушде дорад ва Эрон аз зарфиятҳои фаровоне дар заминаи тавсеаи энержӣ бархурдор аст.

Муовини нахуствазири Булғористон низ дар ин дидор тавонмандии кишварашро дар заминаи энержии сулҳомези ҳастаӣ баршумурд ва имкони ҳамкориҳо бо Эрон дар ҳавзаҳое монанди мудирияти пасмонд, аз кор андохтани нерӯгоҳҳо (Decommissioning), афзоиши тӯли умри нерӯгоҳҳо ва ҳамкориҳои донишгоҳӣ ва пажуҳиширо ташреҳ кард.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh