Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 11 August 2016 13:33

Эрон иддаои фурӯши силоҳ ба ДИИШ дар саҳрои Синоро музҳик хонд

Эрон иддаои фурӯши силоҳ ба ДИИШ дар саҳрои Синоро музҳик хонд
Як манбаи огоҳ дар вазорати умури хориҷаи Эрон, иддаои пойгоҳҳои хабарии вобаста ба режими саҳюнистӣ, дар хусӯси фурӯши силоҳ тавассути Эрон ба ДИИШ дар саҳрои Синоро музҳик, дурӯғин ва бе аҳамият донист.

Ин манбаи огоҳ дар вазорати умури хориҷаи Эрон, ҳамчунин таъкид кард, ки ин гуна хабарсозии бепоя ҳаргиз воқеиётро тағйир намедиҳад.

Вай афзуд, мавозеъи собит ва ҳамешагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар қиболи гурӯҳҳои террористӣ - саҳюнистӣ ҳамчун ДИИШ комилан ошкор аст.

Ин манбаъ тасреҳ кард, Эрон аз ҳеч кӯшише барои мубориза бо ин гурӯҳҳои такфирӣ ва тарғиби ҷаҳониён барои муқобила бо иқдомоти зиддиинсонии онон фурӯгузор накарда ва намекунад.

Вай хотирнишон кард, имрӯза камтар кишваре дар ҷаҳон аст, ки робитаи «сегонаи шуми режими саҳюнистӣ-Арабистон-террористҳои такфирӣ»-ро, ки барои эҷод ва тадовуми ошӯб ва ноамнӣ дар минтақа ва ҷаҳон талош мекунанд, дарк накарда бошад.

 

Add comment


Security code
Refresh