Ба гузориши ИРНА, ҳамзамон бо айёми милоди набераи гиромии паёмбари Ислом, имом Ризо (а), ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ бо пешниҳоди афв ё тахфифи муҷозоти ҳафтсаду панҷ нафар аз маҳкумони додгоҳҳои ин кишвар мувофиқат карданд.
Оятуллоҳ Омулии Лориҷонӣ- Раиси қувваи қазоияи Эрон дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфиф ва табдили муҷозоти ин даста аз маҳкӯмонро ироа кард, ки ин пешниҳод мавриди мувофиқати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт