Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Sunday, 14 August 2016 14:20

Афзоши рушди иқтисодии Эрон пас аз лағви таҳримҳо

Афзоши рушди иқтисодии Эрон пас аз лағви таҳримҳо
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз афзоиши рушди иқтисодии кишвар пас аз бардошта шудани таҳримҳои золимонаи байналмилалӣ хабар дод.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи якшанбе дар чорчӯби сеюмин сафари вилоятии худ дар ҷамъи мардуми вилояти Каҳгилуя ва Буйилаҳмад дар шаҳри Ёсуҷ (ҷанубу ғарби Эрон) гуфт, эрониён бо иттиҳод, итоат аз Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ ва ҳимоят аз давлат ба дунё собит карданд, ки касе қодир ба таҳрими Эрон нест. Ӯ афзуд, мардуми Эрон гом ба гом давлатро дар баробари сахтӣ ва фишорҳои даврони таҳрим ҳамроҳӣ карда, ба гунае пеш рафтанд, ки имрӯз бар асоси тозатарин оморҳо, рушди иқтисодии Эрон дар семоҳаи нахусти имсол ба 4.4 дарсад расидааст.

Раисҷумҳури Эрон бо ишора ба наздик шудани кишвар ба ҷойгоҳи аслии худ дар бозори нафти ҷаҳон ҳам гуфт, акнун бар хилофи иродаи душманон Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳар чӣ бихоҳад, нафти содир мекунад.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо табрики солрӯзи милоди ҳазрати Имом Ризо (а) гуфт, истиқлолу иззати Эрон дар сояи аҳли байти Паёмбари акрам (с), бавижа ҳазрати Имом Ризо ба даст омадааст.

 

 

Add comment


Security code
Refresh