Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 04 July 2015 09:01

Роҳҳои рафъи камхунӣ дар моҳи рамазон

Роҳҳои рафъи камхунӣ дар моҳи рамазон

 

 

Як коршиноси тибби суннатӣ бо баёни ин,ки тақвияти меъда аз роҳҳои асосии рафъи камхунӣ аст, равишҳои рафъи камхунӣ дар моҳи рамазонро ташриҳ кард.

 Ба гузориши тасним, Сайид Ҷавод Алавӣ дар бораи рафъи камхунӣ дар моҳи рамазон изҳор дошт: Аз дидгоҳи тибби суннатӣ барои афроди камхун дар моҳи рамазон тадбирҳои хосе баён шудааст,ки риояти он бар кайфияти зиндагии онҳо дар тули моҳи рамазон асар хоҳад гузошт.

Афроди камхун беҳтар аст,ки дар вақти хурдани ифтор ва саҳариашон шарбате аз шираи ангур ва ё сиркаи шира масраф кунанд.

 Шарбати асалоб дар хурдани ифтор ва саҳарӣ ба рафъи камхунӣ кӯмак мекунад, бар ин асос афрод метавонанд як қошуқи ғазохурӣ асалро дар як стакан оби ҷуш  ҳал ва нимгарм масраф кунанд.

Афроди камхун метавонанд махлути арақиёте (Оби гиёҳоне) монанди бедимишқ, кокутӣ, гулиговзабон, райҳон ( Аз ҳар кадом як литр) ҳамроҳ бо обимеваҳое монанди оби ангур, оби ананас, оби дохили норгил ва анба (Манго) ро рӯйи шуъла 10 дақиқа биҷушонанд ва ба он асал ё шакари сурх ё шакар изофа кунанд ва 10 дақиқаи дигар биҷушонанд ва дар интиҳо нисфи қошуқи чойхурӣ заъфарони соидашуда ба он изофа кунанд ва дар вақти ифтор ва саҳарӣ як истакон то як  истакони калон масраф кунанд.

Ба гуфтаи ин коршиноси тибби суннатӣ изофа кардани сабуси биринҷ ё сабуси гандум ба ғазо худ ба рафъи камхунӣ кӯмак мекунад.

*Тақвияти меъда аз роҳҳои асосии рафъи камхунӣ аст

-Ба таври куллӣ тақвияти меъда аз роҳҳои асосии рафъи камхунӣ аст, ба унвони намуна масрафи хокшир ба сурати ношто ва дар замони рӯзадорӣ ҳади ақал ним то як соат пеш аз масрафи саҳарӣ худ ба рафъи маводи зоиди хун кӯмак мекунад ва сабаб   мешавад ба хуби дар бадан ҳазм шавад ва хуни солим сохта шавад.

Ин коршиноси тибби суннатӣ хотирнишон кард: Истифода аз фолудаи себ байни хурдани ифтор ва саҳарӣ ба рафъи камхунӣ кӯмак мекунад.

Add comment


Security code
Refresh