Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Tuesday, 07 October 2014 18:33

Ҳушдори Эрон ба шароити ногувори Кубонии Сурия

Ҳушдори Эрон ба шароити ногувори Кубонии Сурия

Ҷумҳурии исломии Эрон аз шароити фоҷиаомези инсонӣ дар минтақаи Айнулараб (Кубонӣ) дар Сурия ҳушдор дод.

Ба гузориши ИСНА, Марзияи Афхам - сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе гуфт: Мардуми манотиқи минтақаи Айнулараб (Кубонӣ), ки муддатест дар маърази ҳамлаи гурӯҳҳои террористӣ қарор доранд, нигаронкунанда аст.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон бар зарурати ҳимоят аз давлат ва миллати Сурия ба манзури муқобила бо террористҳои муҳоҷим ба ин минтақа ва ирсоли кӯмакҳои инсонӣ барои сокинон ва низ оворагони он таъкид кард.

Марзияи Афхам ҳамчунин бо интиқод аз бетафовутии ҷомеаи байналмилалӣ ба сарнавишти мардуми ин минтақа афзуд: Эрон ба зудӣ кӯмакҳои инсонии худро барои сокинон ва оворагони ин минтақа аз тариқи давлати Сурия ирсол хоҳад кард.

Атрофи шаҳри Кубонӣ дар як моҳи ахир ба маркази даргирии такфириҳои ДОИШ бо шибҳинизомиёни курд ин шаҳр табдил шудааст.

Add comment


Security code
Refresh