Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Monday, 14 October 2013 15:04

Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати кунгураи азими ҳаҷ

Паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба муносибати кунгураи азими ҳаҷ

Ҳазрати Оятуллоҳи узмо Хоманаӣ - Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме ба муносибати кунгура азими ҳаҷ, фаро расидани мавсими ҳаҷро иди бузурги уммати исломӣ ва фурсати муъҷиза‌гаре барои илоҷи осеб‌пазирии дунёи ислом хонданд ва бо ишора ба талоши тамомаёри ҷабҳаи истикбори ҷаҳонӣ ва шабакаи ҷинояткори саҳюнизм барои саркӯб ва ақим кардани бедории исломӣ ва ба ҳошия рондани масоили асосӣ, ҳамчун наҷоти Фаластин ва миллатҳои мусалмон таъкид карданд: Иттиҳод ва бародарии мусалмонон дар зери лавҳи тавҳид ва шинохти душман ва муқобила бо нақша ва шеваи вай аз боризтарин дарсҳои ҳаҷ ва илоҷ бунёнӣ ва асосӣ барои авзои меҳнат‌бори имрӯзи дунёи ислом аст.

Матни комили паёми Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба кунгураи азими ҳаҷ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳи-р-раҳмони-р-раҳим

Ва-л-ҳамдулиллоҳи раби-л-оламин ва-с-салоту ва-с-салому ало сайиди-л-анбиёи ва-л-мурсалин ва ало олиҳи-т-таййибин ва саҳбиҳи-л-мунтаҷабин.

Фаро расидани мавсими ҳаҷро бояд иди бузурги уммати исломӣ ба шумор овард. Фурсати муғтанаме ки ин рӯзҳои гаронбаҳо дар ҳама‌и солҳо барои мусалмонони ҷаҳон падид меоварад, кимиёи муъҷиза‌гаре аст, ки агар қадри он шинохта ва чунонки шоиста аст, ба кор гирифта шавад, бисёре аз осеб ва осебпазириҳои дунёи ислом, илоҷ хоҳад шуд.

Ҳаҷ, чашма‌и ҷӯшони файзи илоҳӣ аст. Якояки Шумо ҳоҷиёни саодатманд, акнун ин иқболи баландро ба даст овардаед, ки дар ин аъмол ва маносики оканда аз сафо ва маънавият, дилу ҷонро шустушӯи басазо дода, аз ин манбаи раҳмат ва иззату қудрат, захирае барои ҳама‌и умри хеш бардоред. Хушуъ ва таслим дар баробари Худои раҳим тааҳҳуд ба вазоифе, ки бар души мусалмонон ниҳода шуда аст, нишоту ҳаракат ва иқдом дар кори дин ва дунё раҳм ва гузашт дар таомул бо бародарон, ҷуръат ва эътимоди ба нафс дар баробари ҳаводиси душвор, умед ба кумак ва дастгирии Худованд дар ҳама ҷо ва ҳама чиз‌ ва кӯтоҳи сухан, сохту пардохти инсонӣ дар тарози мусалмононро дар ин арса‌и илоҳии омузишу парвариш, метавонед барои хеш тадорук бубинед ва худи ороста ба ин зеварҳо ва баҳраёфта аз ин захираҳоро барои кишвари хеш ва миллати хеш ва дар ниҳоят барои уммати исломӣ, савғот баред.

Уммати исломӣ имрӯз беш аз ҳар чиз ба инсонҳое ниёз дорад, ки андеша ва амалро дар канори имон ва сафову ихлос ва муқовиматро дар баробари душманҳои кина‌варз дар канори худсозии маънавӣ ва рӯҳӣ, фароҳам созад. Ин ягона роҳи наҷоти ҷомеа‌и бузурги мусалмонон аз гирифториҳое аст, ки ё ошкоро ба дасти душман ва ё бо сустии азму имон ва басират, аз замонҳои дур дар онҳо фуру афтодааст.

Бе шак даврони кунунӣ, даврони бедорӣ ва ҳуввият ёфтани мусалмонон аст, ин ҳақиқатро аз хилали чолишҳое, ки кишварҳои мусалмон бо он рӯбарӯ шудаанд, низ ба равшанӣ метавон дарёфт. Дуруст дар ҳамин шароит аст, ки азм ва ирода‌и муттакӣ ба имону таваккул ва басирату тадбир, метавонад миллатҳои мусалмонро дар ин чолиш ба пирӯзӣ ва сарафрозӣ бирасонад ва иззату кароматро дар сарнавишти онҳо рақам занад.

Ҷабҳа‌и муқобил, ки бедорӣ ва иззати мусалмононро бар наметобад, бо ҳама‌и тавон ба майдон омада ва аз ҳама‌и абзорҳои амниятӣ, равонӣ, низомӣ, иқтисодӣ ва таблиғотӣ барои инфиъол ва саркӯби мусалмонон ва ба худ машғул созии онҳо баҳра мегирад. Нигоҳ ба вазъияти кишварҳои ғарби Осиё аз Покистон ва Афғонистон то Сурия ва Ироқ ва Фаластин ва кишварҳои халиҷи Форс ва низ кишварҳои шимоли Африқо аз Либӣ ва Миср ва Тунис то Судон ва баъзе кишварҳои дигар, ҳақоиқи бисёреро равшан месозад. Ҷангҳои дохилӣ, асабиятҳои кӯри динӣ ва мазҳабӣ бесуботиҳои сиёсӣ, ривоҷи терроризми қасоватомез, зуҳури гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои ифротгар, ки ба шева‌и ақвоми ваҳшии таърихӣ, сина‌и инсонҳоро мешикофанд ва қалби онҳоро бо дандон медаранд, муслиҳине ки кӯдакон ва занонро мекушанд, мардонро сар мебуранд ва ба навомис таҷовуз мекунанд ва ҳатто дар мавориде ин ҷиноёти шарм‌оварро ба ном ва зери парчами дин муртакиб мешаванд, ҳама ва ҳама маҳсули нақша‌и шайтон ва истикбори сервисҳои амнияти бегона ва авомили ҳукуматҳои ҳамдасти онҳо дар минтақа аст, ки дар заминаи мустаъиди дохили кишварҳо имкони вуқӯъ меёбад ва рӯзи миллатҳоро сиёҳ ва коми онҳоро талх мекунад. Яқинан дар чунин авзоъ ва аҳвол наметавон интизор дошт, ки кишварҳои мусалмон, халоҳои моддӣ ва маънавии худро тармим кунанд ва ба амният ва рифоҳу пешрафти илмӣ ва иқтидори байн‌алмилалӣ, ки баракоти бедорӣ ва ҳуввият ёфтан аст, даст ёбад. Ин авзои меҳнатбор, метавонад бедории исломиро ақим ва омодагиҳои рӯҳии падидомада дар дунёи исломро зойеъ созад ва бори дигар, солҳои дароз, миллатҳои мусалмонро ба рукуд ва инзиво ва инҳитот кашонад ва масоили асосӣ ва мумҳими онҳо ҳамчун наҷоти Фаластин ва наҷоти миллатҳои мусалмон аз даст‌андозии Амрико ва саҳюнизм ба дасти фаромӯшӣ биспорад.

Илоҷи бунёнӣ ва асосиро метавон дар ду ҷумла‌и калидӣ хулоса кард, ки ҳар ду аз боризтарин дарсҳои ҳаҷ аст:

Аввал: Иттиҳод ва бародарии мусалмонон дар зери лавҳи тавҳид ва дувум: Шинохти душман ва муқобила бо нақша ва шеваи вай тақвияти рӯҳи ухуват ва ҳамдилӣ дарси бузурги ҳаҷ аст. Дар ин ҷо ҳатто ҷидол ва дуруштгӯӣ бо дигарон мамнӯъ аст. Пӯшиши яксон ва аъмол яксон ва ҳаракоти яксон ва рафтори меҳрубон дар инҷо ба маънии баробарӣ ва бародарии ҳама‌и он касоне аст, ки ба ин конуни тавҳид муътақид ва дилбастаанд. Ин радди сареҳи ислом бар ҳар он фикр ва ақида ва даъват аст, ки гурӯҳе аз мусалмонон ва муътақидон ба Каъба ва тавҳидро аз доираи ислом берун бидонад. Аносири такфирӣ, ки имрӯз бозича‌и сиёсати саҳюнисти ғаддор ва ҳомиёни ғарбии онҳо шуда ва даст ба ҷинояҳои саҳмгин мезананд ва хуни мусалмонон ва бегуноҳонро мерезанд ва касоне аз муддаиёни диндорӣ ва малбусин ба либоси руҳоният, ки дар оташи ихтилофоти шиъа ва суннӣ ва амсоли он медаманд, бидонанд ки нафси маросими ҳаҷ, ботилкунанда‌и муддаои онҳо аст.

Шигифто, касоне ки маросими бароат аз мушриконро, ки реша дар амали Паёмбари аъзам, салл‌аллоҳу алайҳи ва олиҳи васаллам дорад, ҷидоли мамнӯъ қаламдод мекунанд, худ аз муассиртарин дастандаркорони эҷоди мунозиаи хунин миёни мусалмононанд.

Инҷониб ҳамчун бисёре аз уламои ислом ва дилсӯзони уммати исломӣ бори дигар эълом мекунам, ки ҳар гуфта ва амале, ки муҷиби барофрухтани оташи ихтилоф миёни мусалмонон шавад ва низ иҳонат ба муқаддасоти ҳар як аз гурӯҳҳои мусалмон ё такфирии яке аз мазоҳиби исломӣ, хидмат ба урдӯгоҳи куфр ва ширк ва хиёнат ба ислом ва ҳароми шаръӣ аст.

Шинохти душман ва шеваи вай низ дувумин рукн аст. Аввалан вуҷуди душмани кина‌тузро набояд ба дасти ғафлат ва фаромӯшӣ супурд ва маросими чандбора‌и рамйи ҷамарот дар ҳаҷ, нишона‌и намодини ин ҳузури зеҳнии ҳамешагӣ аст. Сониян‌ дар шинохти душмани аслӣ, ки имрӯза ҳамон ҷабҳа‌и истикбори ҷаҳонӣ ва шабака‌и ҷинояткори саҳюнизм аст, набояд дучори хато шуд ва солисан‌ шеваи ин душмани анудро, ки тафриқаафканӣ миёни мусалмонон ва тарвиҷи фасоди сиёсӣ ва ахлоқӣ ва таҳдид ва татмиъи нухбагон ва фишори иқтисодӣ бар миллатҳо ва эҷоди тардид дар боварҳои исломӣ аст, бояд ба хубӣ ташхис дод ва вобастагон ва аёдии дониста ва нодониста‌и онҳоро аз ин роҳ шиносоӣ кард.

Давлатҳои истикборӣ ва пешопешӣ онҳо Амрико, ба кумаки абзорҳои расонаии фарогир ва пешрафта, чеҳра‌и воқеии худро мепӯшонанд ва бо даъвои тарафдорӣ аз ҳуқуқи башар ва демократия, рафтори фиребомезе дар баробари афкори умумии миллатҳо дар пеш мегиранд. Онҳо дар ҳоле дам аз ҳуқуқи миллатҳо мезананд, ки миллатҳои мусалмон, ҳар рӯз бештар аз гузашта, оташи фитнаи онҳоро бо ҷисму ҷони худ ламс мекунанд. Як нигоҳ ба миллати мазлуми Фаластин, ки даҳҳо сол аст, рӯзона захми ҷиноёти режими саҳюнистӣ ва ҳомиёнашро дарёфт мекунад ё ба кишварҳои Афғонистон ва Покистон ва Ироқ, ки терроризми зода‌и сиёсати истикбор ва ҳомиёни минтақаии онҳо, зиндагиро ба коми миллатҳои онҳо талх карда аст, ё ба Сурия ки ба ҷурми пуштибонӣ аз ҷараёни муқовимати зиддисаҳюнистӣ, омоҷи кина‌и султа‌гарони байналмиллалӣ ва коргузорони мантақа‌ии онҳо шуда ва ба ҷанги хунини дохилӣ гирифтор омадааст, ё ба Баҳрайн ё ба Мянма, ки дар ҳар як ба наҳве мусалмонони меҳнатзадаи мағфул ва душманонашон мавриди ҳимоят ‌ҳастанд ё ба миллатҳои дигаре, ки аз сӯи Амрико ва муттаҳидонаш, пай дар пай ба таҳоҷуми низомӣ ё таҳрими иқтисодӣ ё харобкории амниятӣ таҳдид мешаванд, метавонад чеҳра‌и воқеии ин сардамдорони низоми султаро ба ҳама нишон диҳад.

Нухбагони сиёсӣ ва фарҳангӣ ва динӣ дар ҳама ҷои ҷаҳони ислом бояд худро ба ифшои ин ҳақоиқ, мутааҳҳид донанд. Ин вазифа‌и ахлоқӣ ва динии ҳама‌и мо аст.

Кишварҳои шимоли Африқо, ки мутаассифона имрӯз дар маърази ихтилофоти амиқи дохилӣ қарор гирифта ‌буданд, беш аз ҳама бояд ба ин масъулияти азим, яъне шинохти душман ва шева ва тарфандҳояш, таваҷҷуҳ кунанд. Идома‌и ихтилофот миёни ҷараёнҳои миллӣ ва ғафлат аз хатари ҷанги хонагӣ дар ин кишварҳо, хатари бузурге аст, ки хисорати он барои уммати исломӣ ба ин зудиҳо ҷуброн нахоҳад шуд.

Мо албатта тардид надорем, ки миллатҳои ба по хостаи он минтақа, ки бедории исломиро таҷассум бахшиданд, биизниллоҳ иҷоза нахоҳанд дод, ки ақраба‌и замон ба ақиб баргард ва даврони зимомдорони фосид ва вобаста ва диктатор, такрор шавад, лекин ғафлат аз нақши қудратҳои истикборӣ дар фитна‌ангезӣ ва дахолати вайронгар, кори онҳоро душвор хоҳад кард ва даврони иззат ва амнияту рифоҳро солҳо ба ақиб хоҳад афканд. Мо ба тавоноии миллат ва қудрате, ки Худованд ҳаким дар азм ва имон ва басирати тудаи мардум қарор дода аст, аз аъмоқи дил бовар дорем ва онро дар беш аз се даҳа дар ҷумҳурии исломии Эрон, ба чашми худ дида ва бо ҳама‌и вуҷуди худ озмудани ҳиммати мо, фарохони ҳама‌и миллатҳои мусалмон ба ин таҷриба‌и бародаронашон дар ин кишвари сарафроз ва хастагинопазир аст.

Аз Худованди мутаол салоҳи ҳоли мусалмонон ва дафъи кайди душманҳоро хосторам ва ҳаҷи мақбул ва саломатии ҷисму ҷон ва захира‌и саршори маънавиро барои ҳама‌и шумо ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳ масъалат мекунам.

Вассалому алайкум ва раҳмамтуллоҳи.

Саййид Алии Хоманаӣ.

Панҷуми зилҳиҷҷаи 1434, мусодиф бо 19 меҳрмоҳи 1392 (11 октябри 2013).

Add comment


Security code
Refresh