Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 13 August 2016 14:21

Дидори Зариф ва Эрдуғон се соат тӯл кашид

Дидори Зариф ва Эрдуғон се соат тӯл кашид
Манобеи турк аз дидори тӯлонимуддати вазири умури хориҷии Эрон ва раисҷумҳури Туркия хабар доданд.

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, ки рӯзи ҷумъа дар садри ҳайате ба манзури ройзанӣ ва гуфтугӯ бо мақомоти Туркия вориди Анкара шуда буд, бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дидор ва дар бораи муҳимтарин масоили дуҷониба, минтақаию байналмилалӣ гуфтугӯ ва табодули назар кард. Манобеи раёсатҷумҳури Туркия аз дидори ҳудудан сесоатаи Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо Муҳаммадҷаводи Зариф хабар доданд, аммо дар айни ҳол ба ҷузъиёти масоили матраҳшуда дар ин дидор ишорае накардаанд.

Зариф ҳамчунин баъди вуруд ба Туркия бо Мавлуд Човушуғлу, ҳамтои турки худ дидор ва пас аз он дар нишасти хабарии муштарак ширкат кард. Зариф зуҳри дирӯз ҳамроҳи вазири умури хориҷии Туркия ба масҷиди "Миллат" дар Кохи раёсатҷумҳури ин кишвар рафт ва ба иттифоқи Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳур ва Беналӣ Йилдирим, нахуствазири Туркия дар сафи намози ҷумъа истод.

Сафари вазири умури хориҷии Эрон ба Анкара аввалин сафари як мақоми олирутбаи Эрон ба ин кишвар баъд аз кудатои нофарҷоми 15 июл дар Туркия аст. Эрон табаддулоти нофарҷоми Туркияро ба шиддат маҳкум ва аз ҳукумату миллати ин кишвар ба таври комил ҳимоят кард.

 

Add comment


Security code
Refresh