Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 13 August 2016 17:55

Шаҳрванди руси асири Толибон озод шуд

Шаҳрванди руси асири Толибон озод шуд
Вазорати хориҷаи Русия, озодии яке аз шаҳрванди русро, ки пас аз суқӯти болгарди МИ-8 дар Афғонистон ба асорати Толибон даромада буданд, таъийд кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, вазорати хориҷаи Русия имрӯз таъийд кард, ки яке аз шаҳрвандони рус, ки аз хадамаи болгарди «МИ-8»-и соқит шуда дар Афғонистон буда ва асири Толибон шуда буд, озод шудааст ва ба зуддӣ ба сафорати Русия дар Исломободи Покистон мунтақил хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, сафорати Русия дар Кобул, 2 рӯз пас аз суқӯти як болгарди покистонӣ дар ҷанубу шарқи Афғонистон таъийд кард, ки 3 нафар аз сарнишинони ин болгард, шаҳрвандони рус будаанд, ки асири Толибон шудаанд.

Масъулони сафорати Русия дар Кобул, пас аз таъийди ҳузури се шаҳрванди рус дар ин болгард гуфта буданд, ки озодсозии шаҳрванди кишварашон аз дасти Толибон шояд ба тул бианҷомад.

 

Add comment


Security code
Refresh