Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 21 November 2015 19:17

Нобудии 23 асари торихии Яман дар ҳамалоти Арабистон

Нобудии 23 асари торихии Яман дар ҳамалоти Арабистон

 

 

 

Идораи кулли осори бостонӣ ва мӯзеҳои Яман аз тахриби 23 асари торихӣ дар ин кишвар дар ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман "Сабо", Идораи кулли осори бостонӣ ва мӯзеҳои ин кишвар дар баёнияе эълом кард, аз оғози ҳамалоти Арабистон ба Яман дар марти 2015, шумори зиёде аз осори торихии ин кишвар тахриб шудааст, ки шаш шаҳри торихӣ, шаш қалъа, се мӯзе, ду масҷид, чаҳор кох ва дигар осори торихии манотиқи мухталифи Яманро шомил мешавад.

Пештар Муҳаммадалии Ҳавсӣ, раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ҳадаф аз ҳамалоти Саудӣ ба мардуми ғайринизомӣ, таъсисоти зербиноӣ , хонаҳо ва бемористонҳои ин кишварро ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ дониста ва аз Ҷон Конг, раиси амалиёти ҳамоҳангии дафтари СММ дар умури инсонӣ хоста буд, аз шаҳрҳои мухталифи Яман боздид кунад, то ба ҳаҷми вайронӣ ва тахриби ин шаҳрҳо дар асари ҳамалоти Арабистон, пай бибарад.

Арабистон бо ҳампаймонии бархе кишварҳои арабӣ ва бо чароғи сабзи Амрико аз 26 марти 2015, ҳамалоти густардаеро ба Ямани оғоз кардааст, то Мансур Ҳодиро ба ҳокимият бозгардонад.

Ин ҳамалот токунӯн ҳазорон кушта ва захмӣ ва даҳҳо ҳазор овора бар ҷой гузоштааст.

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh