Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Monday, 07 December 2015 17:50

Авзои буҳронии беҳдоштӣ дар устони Саъдаи Яман

Авзои буҳронии беҳдоштӣ дар устони Саъдаи Яман

 

 

 

Раиси идораи беҳдошти устони Саъдаи Яман, дар хусӯси вахим будани авзои беҳдоштӣ дар ин устон ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории расмии Яман (Сабо), Абдуллоҳ ал Иззӣ, Раиси идораи беҳдошти устони Саъдаи Яман, имрӯз душанбе гуфт, бо идомаи муҳосира ва ҳамалоти ҳавоии мутаҷовизон ба Яман, вазъияти беҳдоштии устони Саъда дар шимоли ин кишвар ҳар рӯз вахимтар мешавад ва бемориҳои сироятӣ дар бархе аз шаҳрҳои ин устон дар ҳоли афзоиш аст.

Вай дар идома афзуд, мутаҷовизон беш аз 40 маркази беҳдоштӣ, клиник, бемористон ва дорӯхонаро барои ҷилавгирӣ аз дармони захмиҳо ва имдодрасонӣ ба онон ба василаи таслиҳоти мамнӯъаи байналмилалӣ, ҳадафи қарори дода ва вайрон кардаанд.

Ба Раиси идораи беҳдошти устони Саъда, ба далели камбуди дорӯ ва марокизи беҳдоштӣ, ҳазорон нафар бахусус занон ва кӯдакон ба бемориҳое монанди "Асма" ва бемориҳои танаффусӣ дучор шудаанд.

Ҳамалоти ҳавоии Арабистон аз 26 марти 2015 ба Яман, мӯҷиби кушта ва захмӣ шудани ҳазорон нафар ва осеби густарда ба зерсохтҳои иқтисодии ин кишвар шудааст.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh