Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Saturday, 13 August 2016 17:03

Гузориши Конгресси Амрико дар бораи ироаи иттилооти нодуруст дар бораи мубориза бо ДИИШ

Гузориши Конгресси Амрико дар бораи ироаи иттилооти нодуруст дар бораи мубориза бо ДИИШ
Конгресси Амрико дар гузорише, бархе фармондеҳони артиши Амрикоро ба ироаи гузоришҳои иттилоотии дуруғин дар бораи талошҳои Амрико дар мубориза бо ДИИШ дар Ироқ ва Сурия муттаҳам кард.

Аъзои Конгресси Амрико ин гузоришро пас аз ҳушдорҳое ироа карданд, ки бар асоси он, мақомоти фармондеҳии марказии Амрико СЕНТКОМ гузоришҳои дуруғинро бо ҳадафи ироаи тасвире камранг аз хатароти ДИИШ ироа дода ва талошҳои Амрикоро дар набард бо ДИИШ қобили мулоҳиза ҷилва додаанд.

Гузориши ахири Конгресси Амрико муҷиби расвоии дигаре дар заминаи иддаои муборизаи Амрико бо ДИИШ шудааст. Дар воқеъ мақомоти аршади фармондеҳии марказӣ талош кардаанд, то тасвире нодуруст аз моҳияти таҳдидоти ДИИШ аз як сӯ ва талошҳои артиши Амрико барои мубориза бо ин гурӯҳи террористӣ аз сӯи дигар ироа кунанд. Дар ин замина гуфта мешавад, ки аз авосити соли 2014 то авосити соли 2015 мақомоти СЕНТКОМ иттилооти низомӣ дар бораи фаъолиятҳои ДИИШ-ро дасткорӣ карданд, то хатароти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқро камтар аз он чизе, ки ҳаст, ҷилва диҳанд. Ба ҳамин далел нависандагони гузориши конгресс таъкид кардаанд, ки фармондеҳии марказӣ бо интишори баёнияҳои матбуотӣ ва ё изҳороти аланӣ вазъияти амниятии Ироқро бисёр беҳтар аз вазъияти воқеии он эълом кардааст. Дар ҳоли ҳозир бозраси кулли Вазорати дифои Амрико (Пентагон) таҳқиқоти дохилӣ дар бораи ин масъаларо оғоз кардааст, аммо ин вазоратхона аз вокуниш ба иттиҳомоти ворида дар ин гузориш худдорӣ мекунад. Бо таваҷҷуҳ ба аҳаммияти ин масъала бархе қонунгузорони амрикоӣ бар ин ақида ҳастанд, ки дар сурате, ки собит шавад, мақомоти СЕНТКОМ ин тахаллуфро анҷом додаанд ва таҳлилгарон ин фармондеҳиро барои ироаи иттилооти ғалат дар бораи ДИИШ таҳти фишор гузоштаанд, бояд муҳокима шаванд.

Зоҳиран акнун масъалаи ДИИШ ба яке аз масоили аслӣ дар арсаи сиёсати дохилии Амрико табдил шудааст. Пас аз суханони ҷанҷолии Доналд Трамп, номзади ҷумҳурихоҳон дар бораи нақши мустақими Барак Обама, раисҷумҳур ва Ҳилларӣ Клинтон, номзади кунунии демократҳо ва вазири хориҷаи собиқи Амрико дар шаклгирии ДИИШ, акнун ҷанҷоли дигаре алайҳи Пентагон бароҳ афтодааст, ки меҳвари он камранг ҷилва додани таҳдиди ДИИШ ва дар муқобили пурранг кардани иқдомоти артиши Амрико дар мубориза бо ин гурӯҳи террористӣ аст. Ҷудой аз ин ҷанҷолҳо набояд фаромуш кард, ки Амрико хоста ё нохоста дар ростои расидан ба аҳдофи худ дар Ховари Миёна ва бо тақсимбандии террористҳо ба террористи бад ва террористи хуб амалан нақши муҳиме дар шаклгирӣ ва тақвияти ДИИШ ифо кардааст. Аз сӯи дигар бо инки Амрико раҳбарии эътилофи байналмилалии зидди ДИИШ-ро бар уҳда дорад, аммо садоқати он дар ин замина комилан маҳалли тардид аст. Комо инки дар соли 2015 чандин маврид аз ирсоли кумакҳои логистикии Амрико ба ДИИШ аз тариқи ҳаво дар Ироқ ифшо шуд ва ҳатто бархе халабонони амрикоӣ изъон карданд, ки бо вуҷуди инки метавонистанд аҳдофи марбут ба ДИИШ-ро мавриди ҳадаф қарор диҳанд, аммо аз ҷониби мақомоти мофуқ иҷозаи ҳамла ба онҳоро наёфтанд.

Пурсиши матраҳ ин аст, ки бо инки ДИИШ худ зоидаи талошҳои Амрико ва муттаҳидонаш монанди Арабистони Саудӣ барои мубориза бо давлати қонунии Сурия будааст, акнун чаро амрикоиҳо муддаии мубориза бо ДИИШ шудаанд? Ва ҳатто дар сурате, ки мубодират ба чунин иқдоме кунанд, оё қасди нобудии ДИИШ-ро доранд ё инки бадунболи маҳдуд кардани қудрати ДИИШ ва ҳифзи он барои истифода аз он дар ростои аҳдофи минтақаии худ ҳастанд.

 

Add comment


Security code
Refresh