Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Monday, 15 February 2016 11:11

Фестивали аҷибу ғариб дар Боливия

 Фестивали аҷибу ғариб дар Боливия

Фестивалҳои аҷибу ғариб дар дунё кам нест, аммо шояд фестивали "Мачу Тинку" дар Боливия яке аз аҷибтаринҳо бошад.

Сурхпустони "Инка" дар ин маросим бо либоси рангоранги маҳаллӣ ду ба ду дар муқобили ҳам қарор мегиранд ва бо силоҳи мушту лагад ба якдигар ҳамла мекунанд. Ин ҷанг, ки маъмулан то хунрезӣ ва баъзан даъвои гурӯҳӣ пеш меравад, ба бовари бумиён боис мешавад, илоҳаи "Чапамама" маҳсули онҳоро пурбаракат кунад.

Бо вуҷуде, ки солҳост, калисои маҳаллӣ ва мақомоти давлатӣ талош мекунанд, ин маросимро мамнуъ кунанд, аммо фишори бумиёни сурхпуст боис шуда, талоши онҳо ба натиҷа нарасад.

Add comment


Security code
Refresh