Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Tuesday, 09 June 2015 18:19

Сармоягузории 300 миллион евроӣ дар бурси Эрон

Сармоягузории 300 миллион евроӣ дар бурси Эрон

 

 

 

Ширкатҳои бузурги аврупоӣ барои сармоягузории 300 миллион евроӣ дар бурси Эрон эъломи омодагӣ карданд.

Ба гузориши рӯзномаи "Ҷаҳони санъат", мудирони 9 ширкати бузурги сармоягузории аврупоӣ аз толори муомилотии  бурси Теҳрон боздид карданд ва бо ройзаниҳои анҷомшуда, дар марҳалаи нахуст сармоягузории 300  300 миллион евроии ин гурӯҳ дар Эрон қатъӣ шуд.

Гурӯҳе аз сармоягузорони аврупоӣ аз кишварҳои Англия, Швейтсария , Фаронса ва Русия бо ҳадафи ошноии бештар бо зарфиятҳои мавҷуд дар бозори сармояи Эрон , аз бурси Теҳрон боздид карданд.

Бар асоси ин гузориш , ин сармоягузорон, ки намояндагони теъдоде аз бартарин ширкатҳои сармоягузории аврупоӣ ҳастанд, ба даъвати ширкати ACL AsseManagement ва ширкати Коргузории бурс-Эрон ба Ҷумҳурии исломии Эрон сафар кардаанд.

Ин ҳайати муташаккил аз мудирони бузургтарин ширкатҳои сармоягузорӣ  умедвор ҳастанд, фурсати сармоягузорӣ  дар бозори сармояи Эронро дошта бошанд.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh