Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Wednesday, 12 August 2015 12:15

Омодагии Эрон барои афзоиши содироти нафт

Омодагии Эрон барои афзоиши содироти нафт

 

 

 

Муовини вазири нафти Эрон гуфт, Эрон барои афзоиши содироти нафт омодагии комил дорад.

Мансур Муъаззамӣ, муовини вазири нафти Эрон дар умури барномарезӣ ва назорат бар манобеъи гидрокарбонӣ дар гуфтугӯ бо "Рӯзномаи Эрон" афзуд, Эрон бо авҷгирии таҳримҳои нафтӣ, саҳми худро дар бозори ҷаҳонӣ аз даст дода ва акнун дар остонаи лағви таҳримҳо ба дунболи пас гирифтани саҳми аз дастрафтаи худ дар бозор аст.

Мансур Муъаззамӣ тасреҳ кард, сиёсати аслии Эрон афзоиши саҳми худ дар бозори ҷаҳонии нафт аст, зеро Эрон метавонад, бо афзоиши як миллион бушкаи содиротии нафти хом мизони арзаи нафти худ ба бозорро ба ду баробар бирасонад, ки ин мавзӯъ зимни афзоиши саҳми бозор, зарари ношӣ аз коҳиши нархи нафтро ҷуброн хоҳад кунад.

Муовини вазири нафти Эрон ҳамчунин дар хусуси авлавиятбандии кишварҳои  харидори нафти Эрон хотир нишон кард, ки дар ростои афзоиши содироти нафт нахустин авлавияти Эрон афзоиши фурӯши нафти хом ба муштариёи суннатӣ аст муштариёне, ки бо эъмоли таҳримҳои ноодилонаи ғарб маҷбур ба коҳиш ё қатъи хариди нафти худ аз Эрон шуданд.

Муъаззамӣ бо баёни инки дар марҳилаи аввал, мизони содироти худро 500 ҳазор бушка афзоиш хоҳем дод, тасреҳ кард, муштариёни суннатӣ барои дарёфти ин афзоиши 500 ҳазор бушкаии арзаи нафти Эрон омодагӣ доранд ва дархостҳо аз сӯйи ин кишварҳо дарёфт шудааст.

Вай бо ишора ба инки мизони содироти нафти Эрон таи чанд моҳ як миллион бушка афзоиш хоҳад ёфт, гуфт, ҳаҷми содироти нафти Эрон дар пасотаҳрим як миллион бушка афзоиш хоҳад ёфт.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh