Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Monday, 12 October 2015 10:29

Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, аз суханварони номии ҷаҳон

Рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ, аз суханварони номии ҷаҳон

 

 

 

Имрӯз (душанбе) дар тақвими ҷумҳурии исломии Эрон, рӯзи бузургдошти Ҳофизи Шерозӣ номгузорӣ шудааст.

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ (ҳудуди 727-792 ҳиҷрии қамарӣ), шоири бузурги садаи ҳаштуми Эрон (баробари қарни чордаҳуми мелодӣ) ва яке аз суханварони номии ҷаҳон аст.

Ҳофизи Шерозӣ чун Қуръони Каримро ҳифз буд, ба Ҳофиз мулаққаб шуд. Девони Ҳофизи Шерозӣ, шомили 500 ғазал ва теъдоде рубоӣ ва қитъа ва қасида аст.

Нусхаҳои хаттии ашъори Ҳофизи Шерозӣ дар китобхонаҳои Эрон, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва Туркия мавҷуд аст.

Тахассуси Ҳофизи Шерозӣ дар ғазал буд, ки вай бо табаҳҳур тавонист дар ин замина,  сабке ҷадидро бо унвони сабки ироқӣ поягузорӣ кунад.

Тарҷумаҳои девони Ҳофизи Шерозӣ дар саросари ҷаҳон мавҷуд аст ва шоирон ва мутафаккироне монанди Иоганн Вольфганг фон Гете ва Фредриш Вилҳелм Ниче, шоирон ва мутафаккирони олмонӣ аз вай ба некӣ ёд мекунанд ва таҳти таъсири  ашъори ӯ қарор гирифтаанд.

Хоҷа Шамсиддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Ҳофизи Шерозӣ дар 65 солагӣ аз дунё рафт.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh