Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Friday, 23 October 2015 20:18

Як сайёрак 31 октябр аз наздикии замин убур мекунад

Як сайёрак 31 октябр аз наздикии замин убур мекунад

 

 

 

 

 

 

 

Созмони фазоии Амрико (НАСА) аз наздик шудани як сайёрак ба замин хабар дод ва гуфт, убури ин сайёрак аз наздикии кураи замин ҳеч хатаре барои сокинони кураи хокӣ нахоҳад дошт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, НАСА дар баёнияе гуфт: "Ин сайёрак (2015- TB145) номгузорӣ шудааст ва чаҳорсаду ҳафтод метр қутр дорад ва 31 октябр аз наздикии кураи замин убур хоҳад кард".

Пажуҳишгарон мегӯянд, чунончи абъоди ин сайёрак бадурустӣ тахмин зада шуда бошад, ҷирми он бистуҳашт бор бештар аз ҷирми шаҳобсанге аст, ки дар феврали 2013 аз атмосфераи замин убур ва дар минтақаи Челябинск дар Русия ба замин бархурд кард.

Ба гуфтаи НАСА, сайёраки (2015- TB145) аз фосилаи тақрибии панҷсад ҳазор километрии замин убур мекунад ва бо чашми ғайримусаллаҳ қобили мушоҳида нест,  вале бо телескоп метавон онро расад кард.

Ин сайёрак дар соати понздаҳу чаҳордаҳ дақиқа ба вақти Гринвич рӯзи 31 октябр ба наздиктарин нуқта ба замин мерасад.

 

 

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh