Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 24 October 2013 23:51

Шалғам бихуред!

Шалғам бихуред!

Бо таваҷҷуҳ ба  шуруъ шудани  фасли  сармо ва зарурати  донистани ,инки  истифода аз чи гиёҳон барои  ҷилавгирӣ аз   сармохурдагӣ ва ё дар сурати гирифторӣ  ба ин гуна бемориҳо  хурдани онҳо  муфид мебошад аз бахши гиёҳони доруӣ, меваҷот ва хурокиҳоеро  ба шумо муаррифӣ хоҳем кард, ки  ҳам бо хосиятҳои онҳо бештар  ошно шавед ва ҳам  аз хосиятҳои  эъҷобангези онҳо  истифодаи кофиро бурда ва саломатиро бо масрафи гиёҳони доруӣ аз они худ намоед.

Дар ин мақола шуморо бо шалғам ошно хоҳем кард.

Гиёҳшиносӣ

Шалғам  гиёҳест бо баргҳои  нософ ва буридагиҳои зиёд ба ранги сабз ва сафед. Ришаи  он ғуддаӣ ва  ба шаклҳои гирд ва ё дароз ба ранги сафед бо доғҳои  бунафш мебошад.  Меваи шалғам  монанди  ғилоф борик ва дароз аст, ки дар он чанд донаи сиёҳ  вуҷуд дорад.

Шалғам дар ҳавои сард бисёр хуб рушд  мекунад ва шояд  иллат  он бошад, ки барои  дармони  бемориҳое, ки  дар фасли  сармо зиёд аст ва бемориҳои  танаффусӣ ба кор меравад.

 Хосиятҳои доруӣ:

Шалғам аз назари тибби қадими Эрон гарм ва тар аст.

Хосиятҳои  шалғам он қадар зиёд аст, ки метавон гуфт ин гиёҳ барои ҳар  дарде дармон аст ва  агар мардум медонистанд, ки ин гиёҳ чи қадр  фоидаи дардҳост тамоми  боғчаҳои  хонаи худро  шалғам  мекоштанд ва ҳар рӯза  аз он истифода  мекарданд.

Шалғам  нерубахш  аст.

Шалғам иштиҳоовар аст

Шалғам сурфаро  таскин  медиҳад

Туршии шалғам  беҳтарин  навъи туршӣ аст, зеро  тақвияткунандаи   меъда ва рудаҳо ва иштиҳоовар аст

Оби  шалғам мизони  қанди хунро  поин меоварад

Агар  гулудард доред оби пухта шудаи шалғамро ғарғара  кунед

Хурдани оби  шалғам  дармонкунандаи  ҷуши руй(наррак) аст

Онҳое, ки  ҳофиза ва хотираи   суст доранд ҳатман бояд  шалғам  бихуранд, зеро  собит шудааст, ки шалғам ҳофизаро  тақвият мекунад.

Шалғам шабкуриро дармон мекунад.

 Шалғам  ба иллати  доштани  витамини  В1 илоҷи камхунӣ аст.

Онҳое, ки ғуддаи теруеддашон(зоб)  кам тарашшуҳ  мекунад бояд ҳатман  шалғам  бихуранд, зеро  шалғам  ба иллати  доштани  ёди фаровон тарашшуҳоти  ғуддаи тероедро  танзим мекунад.

Шалғам муҳимтарин  гиёҳи зидди саратон аст ва ҳатто  густариши  саратонро  мутаваққиф мекунад.

Шалғам дармони бисёре аз  бемориҳои  пустӣ аст.

Ва билохира  саъй кунед, ки дар фасли  замистон  барои пешгирӣ аз сармохурдагӣ ва бемориҳои  танаффусӣ ақалан чанд бор  дар ҳафта  шалғам  бихуред.Шалғами пухта беҳтарин ғизои  субҳонааст.

Баданро  тамиз карда ва маводи  заҳрнокро  аз бадан  хориҷ месозад. Ҳамон тавр, ки дар  боло  гуфта шуд оби шалғами хом  хосиятҳои  бештаре аз шалғами пухташуда  дорад ба шарте, ки меъдаи  шуморо нороҳат накунад.

Add comment


Security code
Refresh