Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Sunday, 03 July 2016 18:48

Мукаммале, ки майл ба ғизоҳои пуркалорияро саркуб мекунад

Мукаммале, ки майл ба ғизоҳои пуркалорияро саркуб мекунад

 

 

 

Муҳаққиқон муваффақ ба тавлиди мукаммале шудаанд, ки майл ба ғизоҳои пуркалория монанди питса, гамбургер ва пирашкиро саркуб мекунад.

Ба гузориши Ирно, ин мукаммал ҳовии таркиботест, ки тавассути бактерияҳои руда тавлид мешаванд.

Ин мукаммал иштиҳо ва ҳаваси афродро нисбат ба ғизоҳои пуркалория монанди питса ва гамбургер саркуб мекунад. Таркиби аслии ин мукаммал фибере ба номи инулин аст, ки ҳовии як таркибе молекулӣ ба номи пропионат аст, ки тавассути бактерияҳои руда тарашшуҳ мешавад. Вазифаи ин бактерия ирсоли сигнали серӣ ба мағз аст.

Дар идомаи мутолиот омадааст, бактерияҳои рудаи бархе афрод батаври табиӣ пропионати бештаре тавлид мекунад ва ҳамин амр сабаб мешавад, ин афрод бархилофи пурхурӣ лоғар бимонанд. Микробҳои меъда нақши басазое дар контроли иштиҳо ва эҳсоси гуруснагӣ доранд.

Истифода аз ин мукаммал бидуни ҳеч оризаи ҷонибӣ қодир ба контроли иштиҳо ва вазн аст.

Натоиҷи ин таҳқиқот дар нашрияи American Journal of Clinical Nutrition мунташир шудааст.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh