Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Tuesday, 05 July 2016 16:57

Нақши муҳими равобити хонаводагӣ дар пешгирӣ аз чоқии фарзандон

Нақши муҳими равобити хонаводагӣ дар пешгирӣ аз чоқии фарзандон

 

 

 

Як мутолиаи нишон медиҳад, ки суботи хонаводагӣ ва равобити хуби волидайн бо фарзандон метавонад, сабаби эҷоди одот ва рафтори солим дар зиндагии фарзандон ва дар натиҷа монеъи чоқии онҳо шавад.

Ба гузориши ИРНА, муҳаққиқони канадаӣ ҳамчунин дарёфтанд, ки падарон дар заминаи кӯмак ба фарзандони писар барои эҷоди рафторҳои солиме, ки монеъ аз чоқии онҳо мешавад, нақши муҳимтаре ифо мекунанд.

Ҷес Ҳинез-нависандаи аслии ин мутолиа гуфт, заъфи амалкарди волидайн ба хотири маҳдӯд шудани тавоноии онҳо дар эҷоди одоти солими муртабит бо хӯрдан, хобидан, фаъолият дар хонавода, метавонад мӯҷиби изофаи вазни фарзандон шавад.

Дар ин мутолиа муҳаққиқон савобиқи марбӯт ба 3700 духтар ва 2600 писари 14 то 24 соларо дар Амрико баррасӣ карданд. Ҳудӯди 80 дарсади ширкаткунандагон дар ин мутолиа гуфтанд, ки хонаводашон субот ва самимият дорад. Ҳамчунин 60 дарсад аз духтарон ва 50 дарсад аз писарони ширкаткунанда дар таҳқиқ аз равобити хуби худ бо волидайн хабар доданд.

Муҳаққиқон бар асоси натоиҷи баррасиҳои худ дарёфтанд, ки дар фарзандони бархӯрдор аз суботи хонаводагӣ ва равобити самимӣ бо волидайн, эҳтимоли пайравӣ аз режими ғизоии солим, доштани фаъолияти физикӣ ва хоби кофӣ, беш аз дигарон аст.

Ба гуфтаи муҳаққиқон, ағлаби баррасиҳое, ки дар бораи таъсири волидайн сӯрат гирифтааст, танҳо ба нақши модарон ва ё куллияти нақши волидайн пардохтаанд. Аммо тозатарин таҳқиқ бар аҳамияти баррасии таъсири падарон рӯи фарзандон ва зарурати эҷоди роҳбарҳое барои кумак ба падарон дар эҷоди рафторҳои солим дар фарзандон низ таъкид дорад.

Натоиҷи ин мутолиа аҳамияти рафтор ва равобити волидайнро дар иртибот бо тандурустии навҷавонон нишон медиҳад.

Ин мутолиа дар маҷаллаи "International Journal of Behavioral Nutrition and Physical Activity" мунташир шудааст.

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh