Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Sunday, 11 December 2011 11:31

Ибодат ва илм аз назари Ибни Сино

 

 

То чанд ту бо гузаштагон менозӣ,........

Бо Рӯдакиву ба Ҳофизи Шерозӣ..........

Вақт аст сари минбари озоди сухан,........

Хайёми дигар, Ҳофизи дигар созӣ.........

 

 

 

Дар солҳои охир эҳсос мешавад, ки барои мо тоҷикон одат шудааст ба шиддат баҳси ифтихороти миллии худро матраҳ созем ва ин андешаро ба унвони бедорӣ ва бозёбии ҳуввияти миллӣ дар даврони истиқлоли кишварамон арзёбӣ намоем. Дар зоҳир ин андеша эроде надорад ва чанд муддат сари худро бо баҳсҳои ҳуввиятӣ бо ҳамсоягон гарм мекунем, ки умри кадом қавм ба замони инқирози динозаврҳо мерасад. Аммо масъалаи аслӣ ин аст, ки мо чӣ қадар бо мероси нобиғаҳои илму фарҳанги гузаштаи худ ошноӣ дорем ва аз осори арзишманди онон барои сохтани ояндаи худ чӣ гуна истифода мекунем. Ба иборати дигар имрӯз барои мо омӯзиши осор ва навиштаҳои бузургонамон муҳим аст ё ифтихороти холӣ, ки онон тоҷик ҳастанд ва ҳамин моро кифоят мекунад. Мо ба ин далел ба ин баҳс мепардозем, ки талош мешавад аз бузургоне ҳамчун Рӯдакӣ, Сино, Берунӣ, Носири Хусрав, Хайём, Ғаззолӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ва дигарон унсури исломӣ ва мусалмон будани онон зудуда шавад. Ҳол он ки аксари мутафаккирону андешамандони гузаштаи мо дар ҷаҳон ба унвони намояндагони фарҳангу тамаддуни исломӣ машҳур ҳастанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синост, ки ба эътирофи пажӯҳишгарони Шарқу Ғарб осори навишташуда тавассути ин донишманд наздик ба 300 унвон мебошад ва агар умри нисбатан кӯтоҳи ӯро дар назар бигирем, ки камтар аз 60 сол мебошад, ин нукта ҷои тааҷҷубу шигифтӣ дорад. Қабл аз пардохтан ба дидгоҳи Ибни Сино дар бораи аҳамияту арзиши ибодат ва ба хусус намозу рӯза назари баъзе аз донишмандонро роҷеъ ба ин шахсияти камназир бозгӯ мекунем.

Ҷорҷи Зайдон дар китоби “Таърихи тамаддуни араб” менависад: “Китоби “Қонун”-и Ибни Сино дар тиб ва дорӯҳои содаву мураккаб, бемориҳои уфунӣ (инфексионӣ) ва дармони онҳо муддати ҳафт қарн дар донишгоҳҳо ва мадориси олии Аврупо ва Ғарб тадрис мешуд ва ба аксари забонҳои Ғарб тарҷума гардид. Аврупоиён ӯро дар тиб беш аз фалсафа мешиносанд ва ӯро Авитсенна меноманд. Баъд аз ихтирои фанни чоп, баъзе аз китобҳо, масалан китоби “Қонуни”-и Ибни Сино дар ҳамин солҳо сӣ бор чоп гардид”. (Тарҷумаи Алии Ҷавоҳиркалом, интишороти Амир Кабир, Теҳрон, соли 1452, саҳ. 590).

Доктор Густав Лебон (1841-1931) ховаршинос ва таърихнигори фаронсавӣ низ дар бораи осори Ибни Сино менависад: “Муҳимтарин китоби Ибни Сино дар тиб, китоби “Қонун” аст. Шарҳе, ки дар ин китоб роҷеъ ба амроз (бемориҳо) зикр шуда, дар китобҳои қабл аз ӯ дида намешавад. Китобҳои Ибни Сино ба бештари забонҳо тарҷума шуда ва то муддати шаш қарн марҷаи илми тиб будааст ва дар тамоми донишгоҳҳои тиббии Фаронса ва Итолиё танҳо китоби дарсӣ ҳамон китобҳои Ибни Сино буд. Дар донишгоҳи шаҳри Ҳанпелия то панҷоҳ сол пеш низ тадрис мешуд”. (“Тамаддуни ислом ва араб”, тарҷумаи Сайид Ҳошими Ҳусайнӣ, интишороти китобфурӯшии исломия, Теҳрон, соли 1348, саҳ. 610-611).

Доктор Сирел Элгод – пизишк ва дипломати англисӣ мӯътақид аст, ки омӯзиши Қуръон истеъдоди фавқулоддаи Ибни Синоро ошкор кардааст: “Ибни Сино ибтидо Қуръонро фаро гирифт ва ба ҳангоми фаро гирифтани ҳамин китоби муқаддас буд, ки маълум шуд ҳофизаи фақулоддае дорад, зеро хеле зуд онро ҳифз кард ва сипас ба илми маониву баён пардохт ва ҳисобу ҳандаса омӯхт ва нуҷумро фаро гирифт ва ба илоҳиёт пардохт ва фалсафа биёмӯхт ва чун ба синни шонздаҳсолагӣ расид, ба таҳсили илми тиб пардохт”.

Данте дар китоби худ дар боби “Биҳишт” Ибни Синоро ҳушмандтарин фарди ғайриисавӣ номидааст. Вилям Ҳервест шашсад сол пас аз марги ӯ ба дӯсташ Уберӣ навишт: “Агар мехоҳӣ чизе бидонӣ, бирав аз сарчашмаи донишҳо мустафиз (баҳраманд) шав ва китоби Ибни Синоро бихон...”. (“Таърихи пизишкии Эрон”, тарҷумаи Мӯҳсини Ҷовидон, интишороти Иқбол, Теҳрон, соли 1352, саҳ. 267-268).

Сайид Ҳусайни Наср – андешаманди исломӣ роҷеъ ба эътиқодоти Ибни Сино ин гуна менависад: “Ибни Сино мусалмони мутадаййин (диндор) буд ва умқи табиати динии вай гузашта аз ашъор ва тафсири Қуръони вай, дар осори фалсафии ӯ низ ошкор аст, ки дар ҳар ҷо кӯшидааст назариёти мухталифи исломиро бо тарзи нигариши исломӣ созгор кунад. Ҳар вақт, ки барои Ибни Сино дар ҳалли масоили илмиву фалсафӣ душворӣ пеш меомад, ба масҷиде рӯй меовард ва ба намоз хондан ва дуо кардан мепардохт. Вай чандин рисола дар бораи фавоиди намоз ва анҷоми фароизи рӯзона ва зиёрати қубури (қабрҳои) авлиё ва назоири онро навиштааст. Вай ин аъмоли диниро аз он ҷиҳат судманд медонист, ки ба назари куллии вай миёни маротиби гуногуни воқеият ва билхосса миёни нуфуси одамиён ва Худо ва нуфуси фалакӣ муҳаббату ҳамдилӣ мавҷуд аст. Муҳаббате, ки саросари ҷаҳонро фаро мегирад ва ба аъмоли ибодатӣ маънӣ мебахшад. Чунончи дар “Ар-рисолату фи-л-ишқ” менависад: Вуҷуде, ки чандон рафеъ аст, ки дар таҳти фармон дарнамеояд. Аз он ҷиҳат, ки ғояти хайр аст. Ғоят дар маъшуқият аст ва ғояти ошиқияти он ҳамон ғояти маъшуқият аст. Мақсудам зоти муқаддаси мутаъолии ҳақ таъолост”. (“Се ҳакими мусалмон”, тарҷумаи Аҳмади Ором, чопхонаи Сипеҳр, Теҳрон соли 1362, чопи чаҳорум, саҳ. 67 68).

Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино васиятномаи худро барои шайх Абулсаиди Абулхайр навишта фиристодааст, ки дорои нукоти муҳиме дар заминаи амалҳои ибодии мусалмонон мебошад. Дар ин васиятнома мехонем: “Оғози ҳар фикр ва интиҳои ҳар андеша бояд хубӣ бошад. Ботину зоҳири ҳар шайъе, ки мавриди эътибору ибрати ӯ қарор гирифт, бояд ӯро ба Худои Таъоло таваҷҷӯҳ диҳад. Бо қадами нафс, ки ба ҳоли қиём дар мақоми ҳузур бар пой истода ва ба ақлу хиради хеш он чиро ки аз осору аломати мақоми рубубӣ дар он ба асрор нуҳуфтааст, мушоҳида кунад. Намоз беҳтарин ҳаракот аст. Зеро дар ин ҳаракот тайи маротиби камол муяссар аст. Рӯза беҳтарин саканот аст, зеро дар ин сакун, занги сакун ва олудагиҳои нафс зудуда мешавад. Садақа беҳтарин хайрот аст, зеро ба сабаби он масоиб ва балоҳо дур ва бартараф мегардад. Ва бохирад бояд бидонад покизатарин масолик, таҳаммул бар шадоид ва сахтиҳо ва беҳудатарини корҳо зоҳирсозиву риёкорист. Он илме, ки орӣ аз фасод ва бо нияти пок тавъам бошад, беҳтарин илм аст. Ҳикмату дониш асос ва мояи бартарии инсон аст аз ғайр. Ва дар таҳсили дониш маърифати илоҳӣ бар ҳама муқаддам аст. Зеро шарофати ҳар илме баста ба мавзӯи он аст. Нисбат ба машруб (хамр) бояд шурб ва нӯшидани онро қатъ кунад. Ҳар чанд барои дафъи мараз, муолиҷа ё дарки лаззат бошад. Чаро ки Худои мутаъол дӯсту дӯстдор ва волии ашхосест, ки ойини муқаддаси исломро пазируфта ва имон овардаанд ва чун мо ба ҳолу дил онро қабул намуда ва гардан ниҳодаем, пас Худои мутаъол моро бас ва бар ғайри ӯ назар нахоҳем дошт. Чӣ басо хуб аст он касе, ки мо умри худро бад-ӯ супурдаем”. (Музаффари Сарбозӣ, Зиндагии Абӯалӣ Сино).

Акнун ин пурсиш матраҳ мешавад, ки мо ба унвони ворисони Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино кадоме аз бандҳои ин васиятномаи ӯро иҷро кардаем. Оё дари маърифати (шинохти) Худованди ягона, ки Сино дар таҳсили илм онро бар ҳама муқаддам медонист, дар Тоҷикистон боз аст? Бо бастани дари масҷидҳо бар рӯи бонувон ва писарони ҷавони то 18 сола, набуди омӯзиши асосҳои ислом дар мактабҳои миёна, вуҷуд надоштани барномаҳои маърифатии исломӣ дар шабакаҳои радио ва телевизионҳои давлатӣ, маҳдуд намудани мавъизаҳо, амр бар маъруф ва наҳй аз мункари рӯҳониёни исломӣ ба масъалаҳои ахлоқӣ, тарвиҷи марказҳои фаҳшову фасод, қиморхонаву дискотекаҳо ҳамагӣ баёнгари як воқеияти талх аст, ки ин равишҳо ҳеҷ иртиботе бо ифтихори миллии мо тоҷикон ба унвони ҷузве аз уммати исломӣ надорад. Зеро мо ба ҷои пайравӣ аз нобиғаҳое ҳамчун Абӯалӣ Сино ва расидан ба пешрафтҳои илмию фаннӣ, ки танҳо дар сояи имону эътиқод ба қудрати беинтиҳои офаридгори ҳастиҳо ва талошу кӯшиши бевақфа дар роҳи касби илму маърифат имконпазир аст, имрӯз бо иддиои холӣ ва ифтихороти беҷо саргарм ва ҳайрону ноумед ҳастем. Ба ҳамин далел ба ҷои тарҳи андешаи пешрафту худбоварӣ бо такя бар Худованди ягона, худро ба чоплусиву замонасозӣ, хаёлоти козибу беасос фиреб медиҳем ва натавонистаем занҷири ғуломиву бардагиро пора кунем ва кишварро дар роҳи худкифоиву истиқлоли воқеӣ қарор диҳем. Дар кишваре, ки баланд гуфтани азон мамнӯъ, Қуръон маҳҷур, закот мурда, масҷид мазлум ва мардум аз маърифати воқеии исломӣ маҳрум ҳастанд, ифтихороти беҳуда дардеро даво нахоҳад кард.  

Хайриддини Қосимӣ - рӯзноманигор

 

 

Add comment


Security code
Refresh