Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Thursday, 19 January 2012 11:06

Шеъри нави Тоҷикистон

 Муҷиби Меҳрдод

            Дар ҳавзаи густурдаи забони форсӣ эҳтимом ба шеъри Тоҷикистон аҳамияти фаровоне дорад ба ин лиҳоз, ки шеъри Тоҷикистон ба таносуби Афғонистон камтар бо сарчашмаҳои тапандаи шеъри муосири форсӣ, ки дар Эрон ва бо Нимо Юшиҷ шурӯъ шуд, иртибот доштааст. Ва ба гуфтаи Гулрухсор Сафӣ дар гуфтугӯе бо Симини Беҳбаҳонӣ, ки “ Агар бист сол пеш ба ман мегуфтанд, ки метавонам девони устод Симинро дошта бошам, ман ҳаргиз бовар намекардам”.

     Ин эҳтимом аз ду ҷиҳат муҳим аст; Яке аз ин раҳгузар, ки шеъри Тоҷикистон бумитарин шеъри форсии муосир аст. Дар воқеъ ин набуди иртибот бо соири ҳавзаҳо мояи чархиши мутановиби шеъри тоҷик дар қаламрави маҳдуде шудааст, ки Тоҷикистон ном дорад. Шеъри тоҷик ба лиҳози забон ба шиддат ба забони мардум наздик аст, яъне шеъри шоирони бузурге чун Мӯъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва Гулрухсори Сафӣ ҳамон забони кучаву бозор ва маҳаллоти Тоҷикистон аст. Ба ин сабаб шеъри Тоҷикистон саршор аз энержӣ ва шӯре аст, ки дар қалби ҳар тоҷики муштоқ ба Тоҷикистон метапад. Аз сӯи дигар ин шеър машҳун аст аз вожагон ва истилоҳоте, ки мунҳасир ба ҷуғрофиёи гуйишии Тоҷикистонанд. Дар қадами дуввум барои эҷоди ошноии бештар бо ҷараёни шеъри муосири тоҷик, ки дар шароити бисёр истисноӣ болидааст ва ҳамчунон барои ин ки ҳади ақал гоме дар ҷиҳати пайванди дубораи ҳамзабонон бардошта бошем, ки ба қавли маъруфи тоҷикон, “Табартақсим” шудаанд.

      Дар ҳамин оғоз қобили ёдоварӣ медонам, ки иттилооти таърихиро, ки дар мақола дар мавриди сарнавишти шеъри муосири тоҷик Овардаам умдатан аз мақолоти шоир ва пажуҳишгари ҷавони тоҷик Беҳрӯзи Забеҳулло гирифта шудаанд. Ҳамчунон аз сайти радиои “ Фардо” ва маълумоте, ки дар ҳофиза аз мутолиоти андаке, ки дар шеъри муосири тоҷик доштаам. Ишон таҳқиқи арзандае дар мавриди шеъри муосири тоҷик доранд, ки ба тафсил навишта шуда ва ман ба муқтазои ин набишта, аз он пажӯҳиши арзанда истифода кардаам.

   Як нуктаи дигарро ёд кунам, ки шеъри Тоҷикистон бо вуҷуди аҳамияте, ки барои мо форсизабонон дорад, ҳанӯз ҳам ба далели маҳдудиятҳои пажӯҳишӣ дар ин замина ва марсум будани фоҷиабори хати сирилик дар Тоҷикистон, дар Афғонистону Эрон ношинохта мондааст. Ман то кунун як китоб дар мавриди шеъри муосири Тоҷикистон аз Алиасғари Шеърдӯст хондаам ба изофаи чанд мақола ва китобҳои гузидаи шеърӣ, ки аз шоирони тоҷик аз расмулхати сирилик ба форсӣ дар Эрон баргардонда шудаанд. Ва ин мояи таассӯф аст.

Ба ҳар рӯй ман саъй мекунам то дар чанд набишта то ҳади тавон ва дастрасӣ ба манобеъ, чеҳраи вулӯ нимрухе аз шеъри муосири Тоҷикистон дар зеҳни мухотабони афғонистонӣ тарсим кунам.

     Ба қавли андешамандони тоҷик нахустин шеъри нави форсӣ дар Осиёи Миёна ба воситаи шоир, нависанда ва муборизи настӯҳи роҳи озодии тоҷикон Садруддин Айнӣ суруда шудааст. Садруддин Айнӣ ин шеърро дар соли 1918 суруда аст. Беҳрӯзи Забеҳулло раванди сайри таҳаввули шеъри муосири тоҷикро ба панҷ марҳала тақсим мекунад; марҳалаи аввал аз соли 1917 то 1930 аст, ҳарчанд Садруддин Айнӣ солҳо пеш аз ин ва дуруст ҳамзамон бо нахустин шеърҳои Нимо, вазни нимоиро озмудааст. Ин ки Садруддин Айнӣ ба табаият аз Нимо ин корро кардааст ё на, барои ман рӯшан нест. Ба ҳар рӯй нахустин ҷараёни нав, ки ба таъқиби инқилоби коммунистӣ роҳ меафтад тавассути касоне дунбол мешавад, ки ҳанӯз иртиботашонро бо шеъри клоссик ҳифз кардаанд ва таҳавуллот дар забонро дар маҳдудаи ворид кардани чанд истилоҳи коммунистӣ ва мутараққӣ медонанд; дуруст шабеҳи ҷараёни шеъри машрутияти мо ва Эрон ва шеъри касоне мисли Маҳмуди Тарзӣ, Довӣ ва Лудин, ки ин ҳаракатро бештар бо бори ватанпарастӣ, истиқлолхоҳӣ ва таборузи мазоҳири дунёи мудерн шурӯъ кардаанд. Ҷараёни дуввум, ки аз соли 1930 ба ҳаракат меафтад, бештар ба мадҳи низоми коммунистӣ мепардозад.Шоироне чун Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Нодир Шанбезода, Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Боқи Раҳимзода ва дигарон мазомине чун ҷанги меҳанӣ алайҳи Олмони нозӣ, васфи ҳизби коммунисти Шуравӣ, ситоиши миллати бузурги рус, пролетариат ва ҳамбастагии хурдамиллиятҳои шуравии собиқро ба мазомини аслии шеъри худ табдил месозанд.

Ба шеъре аз Саидалии Вализода нигоҳ меандозем:

 

Ленин ба мо дилдор шуд

Бар камбағалҳо ёр шуд

Золим ҳама ҷо хор шуд

Ленин бародар раҳнамо

 

Ё дар шеъре аз Мирзо Турсунзода:

 

Кистӣ шоир ? агар пурсанд гӯям: коммунист

Ҳар нафас, ҳар қатра хун, ҳар тори мӯям коммунист !

 

Дар ин давра шеъри тоҷик ба шиддат идиулужизада аст ва дар хидмати сиёсатҳои давлати Шуравӣ ва ҳизби коммунист. Дар ҳамин давра аст, ки хати Форсӣ ба хати Лотин табдил шуда ва шеъри тоҷикон аз баданаи бузурги шеъри форсӣ ҷудо мешавад. Ин вазъ то соли 1960 мелодӣ тадовум меёбад ва аз ин сол то соли 1985, ки марҳалаи саввуми шеъри муосири тоҷик шурӯъ мешавад идома меёбад. Марҳалаи саввум, яъне миёни солҳои 1960 то 1985 давраи таҳаррукоти ҷадид ва зуҳӯри андешаҳои нав дар шеъри тоҷик аст. Ин замон аз по ба арсаи сухан гузоштани устод Мӯъмин Қаноат, ки ба Нимои Миёнрудон маъруф аст, шурӯъ мешавад. Гуфтанист шеъри форсӣ дар Осиёи Миёна бавижа Тоҷикистон дар ҳеҷ даврае ба ин андоза ба рукуд мувоҷеҳ нагардида буд. Ҳатман маърӯф аст, ки уламо, шуаро ва рушанфикрони тоҷик дар ҷамъи хонаводаҳояшон ба забони русӣ сӯҳбат мекарданд ва инро навъе престижи иҷтимоӣ медонистанд. Дар ҳамин давра аст, ки сиёсати мадании ҳизби коммунист, ки ҳадафи он идғоми тамоми арзишҳои фарҳангии миллатҳои кучактар дар даруни фарҳангу забони русӣ, дар ҳоли иҷро аст. Дар ҳамин овони ҳасрат аст, ки чанд ҷавон вориди маърака мешаванд ва масири ҷадиде барои таърих, забон ва фарҳангашон хилофи ҷараёни вайронгари мавҷуд эҷод мекунанд. Инон иборатанд аз устод Мӯмин Қаноат ё ҳамон Нимои Миёнрудон, ки оғозгари ин раванд аст, устод Бозор Собир ва устод Лоиқ Шералӣ ба дунболи ӯ. Инон нахустин касонеанд, ки дар пайкари мурда ва берӯҳи шеъри тоҷик рӯҳи тоза медаманд ва барои мардуме, ки дар сарошеби суқут дар аъмоқи фарҳанги бегонаанд, умед эҷод мекунанд. Устод Мӯъмин Қаноат дар ҷавоби ононе, ки забони воҳиди форсиро ба се ном мехонанд ва дар ин номгузориҳо нияти сӯъ доранд, мегӯяд:

 

Форсӣ гӯӣ дарӣ гӯӣ варо

Ҳар чи мегӯӣ бигӯ

Лафзи хуби дилбарӣ гӯӣ варо

Ҳар чи мегӯӣ бигӯ.

 

Баҳри ман танҳо забони модарист

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест

Чунки меҳри модар аст.

 

Устод Мӯъмин Қаноат дар ашъор ва достонҳои дигаре чун достони “Тоҷикистон исми ман” ба дифоъ аз фарҳангу таърихи дурахшони миллати хеш мепардозад.

Устод Бозор Собир низ эътирози худро дар баробари вазъи мавҷуд бо мавзӯи забон баён мекунад. Шеъри забони модарии ӯ баёнгари таърихи дардноки миллати тоҷик аст.

 

Ҳар чи ӯ аз моли дунё дошт, дод

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод

Суннати волову девон дошт, дод

Тахти Сомон дошт дод.

 

Душмани донишгадояш дониши Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.

 

Ё устод Лоик дар шеъри “Забони модари” мегӯяд:

 

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае

Дар замину осмон гумкардае

Ин нишон гумкадаеву дигаре

Хештанро бенишон гумкардае

 

Бок не гар доварӣ гум кардааст,

Ё умеди сарварӣ гум кардааст

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К- ӯ забони модарӣ гум кардааст.

 

Ба ҳамин тартиб, то соли 1989 мелодӣ ба ғайр аз ҳизби Коммунист ҳизби игаре ҳақи мавҷудият надошт то ин ки тоҷикҳо дар соли 1989 дар як ҷунбиши мадании худҷӯши мардуми ҳукуматро водоштанд, ки забони форсии тоҷики ба унвони забони расмӣ шинохта шавад. Бар ҳамин поя аввалин қонуни забони форсии тоҷикӣ дар ҳамин сол ба тасвиб расид ва мардум муштоқона даста- даста ва гурӯҳ- гурӯҳ бо ташкили клосҳои давлатӣ ва хусусӣ ба омӯзиши хати форсӣ пардохтанд аммо ҷанги дохилии солҳои 1992-1997 ин равандро мутаваққиф сохт.

     Аммо душманӣ бо забони форсӣ поён наёфт. Коммунистҳо баъд аз пирӯзии Ҷабҳаи халқ, ки ҷонибдори Шуравӣ буд дубора алайҳи забони форсӣ иқдом карданд. Дар 20-уми январи 1994 дар иҷлосияи Шӯрои олии ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни асосии баррасӣ шуд.Яке аз бандҳои қонуни асосӣ ин буд: Забони давлатии ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷики- форсӣ мебошад. Шӯҳрат Султонов яке аз намояндагони яке аз вилоёт пешниҳод мекунад, ки аз банди қонуни асосӣ калимаи форсӣ ҳазф шавад. Султонов барои пешниҳоди худ чунин истидлол мекунад, ки мо тоҷикем на эронӣ ва забони мо тоҷикист на форсӣ.  Бо таассӯф порлумони вақти Тоҷикистон бо дасисаи ин гурӯҳ ва душманони забони форсӣ он рӯз тасмим мегирад, ки вожаи форсиро аз таркиби номи забони миллии тоҷикон ҳазф шавад.

     Имрӯз ва бо фарҳам шудани заминаҳои иртиботот ба вижа интернет, шеъри Тоҷикистон маърӯз ба дигаргунии азиме шудааст. Имрӯз шоирони Тоҷикистон бо таҳаввулоти забони форсӣ дар Эрону Афғонистон ба сурати рӯзмарра пайванд доранд ва шеъри ҷавони Тоҷикистон имрӯз дар қаламрави забони форсӣ ба шукӯҳмандии тамом нафас мекашад ва дар ин ҷараён саҳми бузургеро бар дӯш дорад. Имрӯз шоироне чун Рустам, Сиёвӯш, Фарзонаи Хуҷандӣ, Муҳаммадалии Аҷамӣ, Сурӯш, Исфандиёр, Доро Наҷот ва дигаронро дар тамом қаламрави забони форсӣ бо осорашон мешиносанд ва ҳамчунон тоҷикон низ ба шеъри шоироне чун Баҳманӣ, Мунзавӣ, Салмони Ҳиротӣ, Алии Муаллим, Наҷмаъ Зореъ ва дар Афғонистон бо Партви Нодирӣ, Самиъ Ҳомид, Қаҳҳори Осӣ, Сайидризо Муҳаммадӣ, Шарифи Саъидӣ ва дигарон ошноӣ доранд ва ин худ навидест барои шаклгирии дубораи як ҳазаи бузурги забонӣ.

    Бо вуҷуди ин ки ҳанӯз ҳам миёни мо ва Тоҷикистон хати сирилик девор андохтааст ва ҳанӯз ҳам ҷараёнҳое дар Тоҷикистон дар ҷилӯи касоне ки мехоҳанд алифбои ниёконро ҷойгузини хати сирилик кунанд, истодаанд вале иродаи фанонопазири форсизабонон, ки аз ишқе неруманд барои ваҳдати дубора сарчашма мегирад, рӯзе тамоми ин деворҳо ва марзҳои тасанӯиро фурӯ хоҳад рехт. Ба қавли устод Мӯъмин Қаноат:

 

Форсӣ гӯӣ дарӣ гӯӣ варо

Ҳар чи мегӯӣ бигӯ

Баҳри ман танҳо забони модарист !

 

 

Муҷиби Меҳрдод-шоир ва пажуҳишгари Афғонистон

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh