Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Friday, 20 January 2012 05:39

Мӯъмин Қаноат- Нимои Тоҷикистон

 Муҷиби Меҳрдод

      Ҳамон гуна, ки дар навиштаҳои пеш таҳти унвони “Шеъри нави Тоҷикистон” ёд кардам, устод Мӯъмин Қаноат пас аз давраи рукуди адабӣ, ки миёни солҳои 1930- 1960 бар ҳавзаи Осиёи .миёна муставлӣ гардида буд, оғозгари наҳзати адабӣ аст, ки бо ширкати Бозор Собир ва Лоиқ Шералӣ фарогир гашта ва ба камол мерасад. Ҳамон гуна, ки хоҳед дид, Мӯъмин Қаноат бо бакоргирии шеваҳои навини адабӣ шеъри Тоҷикистонро вориди ақолими нокаронманди шеъри нав мекунад, ба хусус бо истифода аз услуби қиссапардозии Нимо ва ахлофи ӯ чун Ахавон ва дигарон ва истиҳолаи орояҳои адабӣ дар забоне содда ва отифӣ, ки аз шохисаҳои фарогир дар шеъри Тоҷикистон аст. Инҳо ҳама далоилеанд, ки донишмандон ӯро Нимои Миёнрудон биноманд.

    Устод Мӯъмин Қаноат дар соли 1932 дар деҳаи Курговад воқеъ дар ноҳияи Дарвоз аз тавобеи вилояти худмухтори Бадахшон дар хонадоне кишоварз ба дунё омад. Дар соли 1956 Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти тоҷикӣ- форсӣ ба поён расонд. Вай ӯҳдадори маносиби мутаадиде, ки аз он ҷумлаанд: Мудирияти бахши шеър ва сардабирии маҷаллаи “Садои Шарқ”, раёсати иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (1976- 1991, ноиб раиси иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон (1968), ваколати маҷлиси Шуравӣ, раёсати кумитаи умури байналмиллаии Шӯрои олӣ (1991) , раёсати кумитаи сулҳи Шуравӣ ва ... дар ҳолт ҳозир узви вобастаи Академия улуми Тоҷикистон мебошад.

Вай то кунун беш аз чиҳил унвон китоб ба табъ расонда аст. Дар соли 1960 нахустин китобаш бо номи “Шарораҳо” ба чоп расид. “Сурӯши Сталинград” ва “ Гаҳвораи Сино”, ки дар соли 1981 барандаи ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ шуданд, аз ҷумлаи осори арзандаи ӯянд.

   Шеъри Мӯъмин Қаноат соҳаи васее аз маъноҳо ва мафоҳимро таҳти пӯшиш қарор додааст: Дарди таърихӣ, носталгии Ватани порча- порча, забон ва фарҳанги ниёконе, ки зери синаи сангини фарҳангу забони русӣ ба сахтӣ нафас мекашад ва чеҳраи он махдӯш шудааст, сарнавишти сарбозон ва қаҳрамонони ҷанги ҷаҳонии дуввум, ирфон, ниёишу марсия. Аммо дар канори он ҳиси нируманди ишқ бо сурати рустоии он дар шеърҳои устод ҳузури зинда дорад.

Мӯъмин Қаноат аз заминаи мустазод вориди шеъри нимоӣ шуд ва дар соли 1965 бо шеъри “ Марав қӯи сафеди ман” нахустин гомро дар ин арса гузошт.

Навоҳо об мегардад

Ба рӯи саҳна мерезад

Садо аз мавҷҳои реза мехезад.

Ба нармӣ қӯи зебое

Ба рӯи мавҷ обӣ шуд...

 

Ки ҳам дар фурм ва ҳам дар мӯҳтаво чизе буд нав.

 

                                                       ( Баргузидаи ашъор, саҳ 409 )

 

Дар қаламрави адабиёти муосири шеъри Тоҷикистон ба лиҳози соддагӣ ва орӣ будан аз ороишҳои бадеъӣ ва баёнӣ мунҳасир ба фард аст ва гуфтанист, ки ҳади аксари шоирон дар даврони кори шоириашн орзӯ мекунанд, ки ба ин услуб даст ёбанд вале камтар шоироне тавонистаанд ба ин ҳадаф бирасанд. Шеърҳои ин шеваро дар қадим саҳли мумтанеъ мегуфтанд ва акнун ҳам аз он ба соддагӣ жарф ёд мекунанд. Шоир дар ин гуна шеърҳо ба ҷои саҷъ ороӣ, истифода аз ташбеҳ, истиора, сумбул ва намоиши фахомати забонӣ фазоҳои мухталифи забониро аз бори отифӣ саршор месозад, тавре ки чизе аз миёни шеър мухотабро маҷзуб мекунад бе он ки мухотаб мисдоқи айнии онро дар даруни шеър ташхиис дода битавонад. Шеъри Мӯъмин Қаноат ҳам аз ин қоида мустасно нест.

 

Чашми раҳпои ту охир донаи бодом шуд,

Ҳар ниҳолат ҳамқади як аскари гумном шуд.

 

                                        ( Баргузидаи ашъор, саҳ 115 )

Ё

 

 

Ду чашми софи ту ҳамчун ду қатраи борон,

Чу нури дида шавад пеши дидаам рахшон.

 

                                        ( Ҳамон ҷо, саҳ 70 )

Ё

 

Барои ҳурмати мӯи сафедаш,

Ки ҳар тораш чу як роҳи сафед аст.

Барои дил дили ойинавораш,

Ки аз чашму нигоҳи ӯ падид аст.

 

                                          ( Ҳамон ҷо, саҳ 77 )

 

Ё ташбеҳи:

 

Қаде ба мисли шаршара ларзону беғубор,

Гулхандаҳо мекарду гул дар об меафканд.

 

Авҷи ин содагиро дар манзумаи “ Гули бодом”, ки яке аз мондагортарин шеърҳои устод аст, мебинем. Дар ин достонвора Гули бодом номи аспи яке аз сарбозони ҷанги ҷаҳони аст, ки дар соҳилҳои дарёи Волга бар зидди сипоҳи Олмони нозӣ меҷангад ва аспи ӯ низ дар ин набард бо ҳӯшёрӣ, ки Рахши устураиро тадоъӣ мекунад, саҳм дорад:

 

Дами ҷанги ҷаҳонӣ

Бори гаронӣ ин замин будӣ,

Қашангу оҳанин будӣ

Ба Волга дар камин будӣ

Ҳамеша зери зин будӣ,

Гули бодом

....

Бизан дар кучаҳои Урупо

Бонги саъодатро

Бирон аз он асоратро

Ба оби Висла мешӯям

Кунун чангу ғуборатро

Гули бодом !

 

                         ( Ҳамон ҷо, саҳ 93- 94 )

 

Шеъри устод ба тамомӣ зебоянд вале авҷи ҳунари устод дар достон пардозист. Ӯ дар бахши аъзаме аз шеърҳояш достон пардохта аст ва ба ҳақ, ки дар ин достонҳо қудрати пардохтан саҳнаҳои драматикро дар забон ба ваҷҳи аҳсан ба намоиш гузошта аст. Достонҳои “Сурӯши Сталинград” (маҷмӯаи достонҳое, ки бо унвони Сурӯши якум то Сурӯши ҳаштум омадаанд ва устод дар ҳар суруде достоне аз ҷангро ривоят мекунад; гоҳе ин достон чеҳраи андӯҳгини модареро нишон медиҳад, ки барои бозгашти писараш лаҳзашуморӣ мекунад. Дар дигарӣ занеро дар орзӯи шавҳари аз даст рафтааш гирён меёбӣ ва замоне ҳам сарбозеро мебинӣ, ки бо маъшуқаш дар хутути муқаддами ҷабҳа дар рӯё розу ниёз дорад. Дар ин миён сурудаи “Малоҳи баҳри Сиёҳ”, ки дар сурӯши саввум омадааст, оғози бисёр шукӯҳманде дорад.

 

Пас аз ҳиҷрон ба васли ту расидам боз

Эй дарё,

Даруни синаи ман шӯри нав андозӣ эй дарё.

Ба мисли зиндагонӣ меравӣ вопас намегардӣ

Зи роҳи худ ба амри ҳар касу нокас намегардӣ,

Вале ман бар хилофи амри виҷдонам қафо гаштам

Ман охир тифли дарё будам

Аз дарё ҷудо гаштам.

 

                                                 ( Ҳамон ҷо, саҳ 189 )

 

Фазоҳо бо он ки тасовири айниро дар зеҳни мухотаб муҷассам месозанд, саршор аз бори намодин ва чархишҳои ногаҳонӣ ба руйдодҳои ҷанги ҷаҳонианд. Ҳамон гуна, ки дар шеъри боло дида мешавад, дарё ҳам маъшуқвор шӯр дар дили малоҳ меандозад, ҳам набард ҷорӣ аст ва бистари набарде, ки малоҳ аз он қафо нишастааст ва даргири азоби виҷдон аст. Ногуфта намонад, ки ба муқтазои фазоҳои ҷангӣ, шеърҳо гоҳе ба шиддат ҳамосианд:

 

Мардҳо дар размҳои марзбонӣ мурдаанд,

Модарон дар ҷангҳои меҳрубонӣ мурдаанд.

...

Тифлҳои монда рӯи ҷисми сарди модарон

Дар миёни шӯълазору сангари размоварон

Аз канори модарон дар сарзамини бекаронам

 

                                                    ( Ҳамон ҷо, саҳ 149 )

 

Бахши дигаре аз ин достонҳо, зиндагӣ ва дониши бекарон ва нубӯғи Абӯали Синоро дар илоҷи бемориҳои асраш ҳикоят мекунад

Шеъри устод дар айни содагӣ саршор ва пурэнержист ва ҳузури маъшуқвори сарзаминаш вақте бо дарди таърихии тоҷикон меомезад, шеърҳояшро ба авҷ мерасонад. Дар шеърҳои Мӯъмин Қаноат мухотаби афғонистонӣ ва иронӣ барои нахустин бор бо тайфе аз вожагони тоза мувоҷеҳ мешавад; мисли ин вожагон: Ҷӯра (дӯст), ғутидан ( ғутавар шудан), сарнавда (саршоха), пахта (пунба), ғунҷидан (гунҷидан ) ва...

Ба ҳар рӯй устод яке аз чеҳраҳои мондагори шеъри муосири форсӣ дар Осиёи Миёна аст. Кофӣ аст бо лаҳни шеъри Тоҷикистон маънӯс шавед то аз шеърҳои Мӯъмин Қаноат то ҳади мумкин ҳаловат бибаред.

Ин набиштаро бо шеъре аз устод, ки навъе додхоҳӣ аст ва барои шоири рус Владимир Логовский, ки дар даҳҳаи сӣ дар Тоҷикистон буда, суруда аст, поён мебарам.

 

Ту диди Вахшро танҳо,

Миёни кӯҳ дар ғавғо.

Надидӣ дар бисоти ӯ дили дарёи Ҳофизро

Чу шоир ёд н- овардӣ макони разми Рустамро.

Надидӣ даврагардон ҷоми сесадпораи Ҷамро.

Аҷамро дидиву савти Аҷамро лек нашнидӣ

Дами пирӣ бузургонро ту хору бенавл дидӣ

Агар дар хонаи тоҷик тамоми чиз ночиз буд

Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд...

 

                                    ( Баргузидаи ашъор, саҳ 417 )

 

 

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh