Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Wednesday, 06 April 2016 13:13

Сафар ба Гургон

Сафар ба Гургон

 

Шакли таърихии Гургон ба унвони нахусти ншакли  сабт шуда дар шумоли Эрон дорои маҳаллаҳои қамидӣ ва хонаҳои таърихии бо меъмории давраи Сафавия ва Зандия то даврони Қоҷор аст.

Шакли Гургон ,ки дар ҳоли ҳозир 130 гектари он монда аст дорои осор ва биноҳои қадимии мутаалиқ ба даврони Сафавия, Зандия ва вобаста ба  меъмории сабки давраи Қоҷор аст. Ин шакл , маҷмуае аз  маҳаллоти маскунӣ ва марказҳои маҳаллиро ташкил медиҳад.

Шаклгирӣ ва таҷамуъи афроди як синф шакл гирифта, монанди маҳаллаи Дабоғон ва Наълбандон ва бархе дигар ба  хотири ҳамҷаворӣ бо аносир ва фазоҳои хоси номе ба худ гирифтаанд монанди маҳаллаи Сарчашма ва Майдон.

Шаҳри Гургон ( Астаробод) дар даврони Қоҷор 6 маҳаллаи бузург ба номҳои Сарпир,Дарбану, Сачашма, Мехчагарон, Наълбандон, Сабзаи машҳад ва Майдон дошт,ки дорои чандин маҳаллаи фаръӣ мислиПосрав, Миркарим ва Душанбеӣ, будааст. Бештари масҷидҳо ва тамоми такоёи қадимӣ ва зиёратгоҳҳо ва маконҳои мазҳабии шаҳр низ дар ҳамин маҳаллаҳо қарор доранд,ки имрӯз бофти қадим ва меъмории суннати ва таърихии ин шаҳр ва бахши умдае аз мероси фарҳангии ин диёрро ташкил медиҳанд.

Умдатарин бозори шаҳр бозори Наълбандон ва кӯҳнабозор аст,ки таркиби фазои колбадии онҳо ба сурати хатти ( Роста ) буд ва ғолибан ба майдон ва бозорчаҳо мутасил мешуданд.

Хонаҳои қадимии Гургон

 

Бештари биноҳои қадимии Гургон мутаалиқ ба давраи Қоҷор ва Паҳлавӣ буда ва яке аз шохисаҳои таърихии созаҳои қадимии ин минтақа чуб аст.

Хонаи Боқирии Гургон бо беш аз 150 сол қадамат, намунаи арзишманд аз меъмориҳои бумии маскунӣ дар Гургон ба шумор меравад. Хонаи Боқирӣ яке аз биноҳои шохиси бофти таърихии Гургон аст,ки ба унвони намунаи арзишманд аз меъмории бумии маскунӣ дар шаҳр метавон аз он ёд кард.

Хонаи Муфидиён низ мутаалиқ ба давраи Қоҷор ба унвони яке аз биноҳои арзишмандишакли  таърихии Гургон аст,ки тавасути СайидЗиёуддини Муфидиён дар соли 1327 ( 1948 ) сохта шудааст. Хонаи Муфидиён ба сурати маҷмуъа ва аз се сохтмони муҷазо ташкил шудааст. Сохтмони злъи ҷанубӣ,ки қадимитарин қисмати биност марбут ба давраи Қоҷория аст. Бинои зелъи шарқӣ,ки фазои хадамотии (Матбах ) аст, марбут ба ҳамин давра аст. Аммо сохтмони залъи шумолии бино марбут ба давраи Паҳлавӣ аст,ки эҳтимол меравад бар рӯйи як сохтмони давраи қоҷория сохта шудааст.

Add comment


Security code
Refresh