Ин сойт баста шуд ва мо аз ин пас дар Parstoday ҳастем
Friday, 15 April 2016 15:45

Кохи Оподоноӣ дар Шуш

Кохи Оподоноӣ  дар Шуш

 

Кохи Оподоноии Шуш дар шаҳри бостонии Шуш қарор дорад.Шуш воқеъ дар шаҳри Хузистон дар ҷунуби Эрон яке аз қадимитарин сукунатгоҳҳои сохташудаи ҷаҳон аст, эҳтимолан ба соли 4000 пеш аз мелод  поя гузорӣ шудааст, бо вуҷуди ин ки нахустин осори як деҳкадаи маскунӣ дар он марбуд ба 7000 сол аз мелод ҳастанд .Тибқи асноди бостонӣ Шуш аз муҳимтарин ва бошукӯҳтарин шаҳрҳои бостонии Эрон ва ҷахон будааст ва фаолиятҳои бостоншиносӣ дар он идома дорад.

Кохи Оподоноий шуш, қасри зимистонии шоҳони Ҳахоманиши будааст. Ин кох ба дастури Дорюши бузург подшоҳи Ҳахоманиши  дар ҳудуди солҳои 521-515 пеш аз мелод дар Шуш (шаҳри бостонӣ)  рӯйи осор ва бақоёои Ийломӣ бино ниҳода шуд.

Деворҳои кох аз хишт ва сутунхои он аз ҷинси санги истекохи Дорюш воҳидҳои мухталифе аз ҷумла толори Бориом, ҳарамсаро, дарвоза ва кохи пазироӣ ва ҳамчунин се саҳни марказӣ  дорад.Деворҳои дохилии кох бо хиштҳои нақшдор ( Хиштҳои суратдор )бо таҳрҳои сипоҳи ҷовидон, шери болдор ва нақши гули нилуфари осмонӣ зиннат дода шудаанд  ки бақоёи ба ҷой мондаи онҳо дар  музеҳои хориҷӣ ва дохилӣ нигаҳдори мешавад.

Масоҳати толор ё кохи Оподоно 10434 метр аст. Ин кох ки боргоҳ ё Оподона номида шуда тавасути  Ардашери дувум дубора бино шуда аст. Тарҳи кох бинои кушк монанд бо 3 айвони сутундор  дар ҷабҳаи шумол шарқӣ ва ғарбии он аст. Толори марказӣ бо абъоди 58 дар 58 метр аст ва дорои 36 сутун мебошад. Иртифои сутунҳо ҳудудан 20 метр аст ва бо сутунҳои каллагови шакл сохта шуда аст. Айвонҳои ҳар кадом дорои ду радиф сутуни 6 тои мебошанд.

Ковишҳои  бостоншиносӣ бар рӯйи вайронаҳои Шуш аз соли 1849 мелодӣ огоз шуд ва чандин давра идома пайдо кард ки тайи он осори камназир  ва пур арзише аз давронҳои кабли таърих, даврони шукӯҳманди тамадун ва фарҳанги Исломӣ кашф шуд. Аммо кашфи комили кохи Оподонои Шуш дар ҳифориҳои байни солҳои 1311 то1314 (1335 то1932) итифоқ  афтод.

Аз кулияи маҷмуъаи кох 110 уток ва толор макшуф гардида аст. Шаш саҳн ( Ҳавлӣ ) дар дохили маҷмуъаи кохҳо вучуд дошта ки сетои онҳо бисёр бузург ва даври як меҳвари шарқӣ ва ғарбӣ  карор гирифтаанд ва ба василаи як роҳрави бухург ба бахши шумолӣ  марбут мегардида аст.Се ҳаёти кучактар дар бахши шумолии маҷмуъаи кох  қарор доштаанд. Утоқҳо ва сохтумонҳои гуногуни кох ба василаи ин саҳнҳо рӯшаноӣ гирифта ва таҳвия мешуданд.

Дар соли 1880 мелодӣ, як гурӯҳ аз бостоншиносони фаронсавӣ ин кохро аз дили хок берун кашиданд ва сутунҳо ва сарсутунҳои кохро бо арра буриданд ва ба Фаронса мунтакил карданд ва имруза дар Шуш, факат чанд зер сутун вучуд дорад ва кох ба шакли собиқаш вуҷуд надорад. Бештари ашёи хориҷ шуда, акнун дар музеи Лувер нигахдори мешавад.

Жон Диюлофво дар китоби хотироташ мегуяд: Дирӯз гови сангии бузургеро ки дар рузҳои охир пайдо шуда аст бо таасуф  тамошо мекардам, дар ҳудуди давоздаҳ ҳазор килло вазн дорад! Такон додани чинин тудаи азиме ғайри мумкин аст. Саранҷом натавонистам ба хашми худ мусалат шавам,патаке ба даст гирифтам ва ба ҷони ҳайвони сангӣ афтодам. Заработи ваҳшиёна ба у задам.Сари сутун дар натиҷаи заработи патак мисли меваи расида аз ҳам шикофт...

Кохи Оподонои Шуш ки аз маконҳои дидании устони Хузистон аст, ба номҳои кохи Опомаи Шуш ва кохи Боргоҳ, низ шинохта мешавад.

Add comment


Security code
Refresh